Шаҳобиддин Ҳақназар
Шаҳобиддин Ҳақназар |
|---|
Шаҳобиддин Ҳақназар (Шаҳобиддин Ҳақназаров зод. 1954) — нависанда, рӯзноманигор ва корманд радиои тоҷик. Корманди шоистаи Тоҷикистон (2011).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳобиддин Ҳақназар соли 1973 мактаби миёнаи № 3-и зодгоҳашро хатм кардааст. Солҳои 1973—1975 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмати ҳарбиро ба ҷо оварда, сипас ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1982 бомуваффақият хатм намудааст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъд аз хатми донишгоҳ фаъолияти кории худро дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии ҶШС Тоҷикистон оғоз кард. Дар идораи гуфторҳои мусиқии радио дар вазифаҳои муҳаррири хурд, муҳаррир, ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррир фаъолият намудааст.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳобиддин Ҳақназар ҳам дар соҳаи рӯзноманигории радио ва телевизион ва ҳам дар бахши адабиёти бадеӣ осори назаррас эҷод кардааст.
Радио
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ муаллифи гуфторҳои машҳури радиоӣ мебошад, ки аз нигоҳи мавзуъ ва услуби пешниҳод рангоранг буданд. Барномаи театрикунонидашудаи ҷашнӣ ба ифтихори 1100-солагии давлати Сомониён аз беҳтарин корҳои муаллифии ӯ дар радио ба шумор меравад.
Аз ҷумлаи гуфторҳои маъруфи ӯ:
- «Ҳафт ганҷи истиқлол»
- «Чаманзодему аз як бӯстонем»
- «Об агар садпора гардад»
- «Навои чашмасорон»
- «Сафинаи сафед»
- «Суруди зиндагӣ»
- «Садои дили ромишгар»
- «Тоҷикистон — ҷону ҷонон»
- «Кишвари хуршедӣ»
- «Ориёно ориён»
- «Бӯйи Ватан»
- «Суруши истиқлол»
- «Мусиқӣ ва ҷаҳони муосир»
- «Бо Моҳу Парвин»
Соли 2008 ба муносибати бузургдошти Одамушшуаро устод Рӯдакӣ, гуфтори таҳиякардаи ӯ бо номи «Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт» дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар шаҳри Исфаҳони Эрон дар миёни 54 давлат сазовори ҷойи аввал гардид[1].
Телевизион
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар телевизиони Тоҷикистон чандин филмҳои мустанад ва барномаҳои телевизионӣ таҳия намудааст, ки машҳуртаринашон инҳоянд:
- «Тоҷикистон — модари ман»
- «Ӯро ёд мекунем»
- «Падруду пайғом»
- «Рӯ ба хуршед» (7 қисм)
- «Навои ниёгон»
- «Кохи нур»
- «Ҳофизи боди сабо»
- «Навои чашмасорон»
- «Ҳамдарди кӯҳистон»
- «Чамани орзу»
Китобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳобиддин Ҳақназар ҳамчун нависандаи соҳибсалиқа муаллифи китобҳои зиёдест, ки аз ҷониби хонандагон гарм истиқбол шудаанд:
- «Чаман» (1988)
- «Найистони наво» (1999)
- «Рӯ ба хуршед» (2001)
- «Садои дили ромишгар» (2006)
- «Сафинаи сафед» (2007)
- «Замини муқаддас» (2014)
- «Фаришта» (2016)
- «Каҳкашони ёд» (2017)
- «Шамъи хаёл» (2018)
- «Анодил» (2018)[2]
- «Рози созҳо» (2020)
Ҷоиза ва унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои хидматҳои шоён дар рушди фарҳанги кишвар бо ҷоизаву унвонҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст:
- «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002)
- Унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2011)
- Ифтихорномаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Номаи табрикии ИНТ ба Шаҳобиддин Ҳақназар!. 10 июли 2025 санҷида шуд.
- ↑ Шаҳобиддин Ҳақназар. “Анодил”. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (20 апрели 2020). 10 июли 2025 санҷида шуд.