Шаҳристон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шаҳристан)
Устонҳо ва шаҳристонҳои Эрон

Шаҳристон (форсӣ: شهرستان‎) — яке аз воҳиди маъмурии бахшбандиҳои кишварӣ дар Эрон ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст. Шаҳристон баробари контӣ (англ. County) дар Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва баробари вулусволӣ (форсӣ: ولسوالی‎) дар Афғонистон, ноҳия дар Тоҷикистон ва район дар Русия аст.

Дар бахшбандиҳои кишварии Эрон, шаҳристон воҳиди маъмурии хурдтар аз устон ва бузургтар аз бахш аст. Ҳар устон ба чандин шаҳристон ва ҳар шаҳристон ба чандин бахш бахшбандӣ мешавад.

Воҳиди тақсимоти кишварии Эрон Масъул Ниҳоди муртабит Марказ
Кишвар Вазири кишвар Вазорати кишвар Пойтахт
Устон Устондор Устондорӣ Маркази устон
Шаҳристон Фармондор (вижа) Фармондорӣ (вижа) Маркази шаҳристон
Бахш Бахшдор Бахшдорӣ Маркази бахш
Деҳистон Деҳдор Деҳдорӣ Маркази деҳистон
Шаҳр Шаҳрдор Шаҳрдорӣ надорад
Русто Деҳёр Деҳёрӣ надорад

Ҷусторҳои вобаста[вироиш | вироиши манбаъ]