Шаҳристони Англия
Шаҳристон (Англия) (англ. shire, county) - воҳиди маъмурии Англия. Шаҳристони маъмурӣ дар Англия ба воситаи шўрои интихобгардида ба танзим дароварда мешаванд, ки он аз aldermenҳо иборат аст. Ғайр аз ин, дар шаҳристонҳои маъмурӣ намояндагони ҳукумати марказӣ - лорд-лейтенант, шериф ва ғайра мавҷуданд. [1]Дар баробари шаҳристонҳои таърихӣ, ҳоло ба ном шаҳристонҳои расмӣ гардонидашуда (англ. ceremonial) ё ҷуғрофӣ, митрополитенӣ (англ. metropolitan) ва ғайримитрополитенӣ (англ. non-metropolitan) мавҷуданд.
Шаҳристонҳои расмӣ гардонидашуда
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳристонҳоеро, ки аз ҷониби лорд-лейтенанти таъйиншуда идора карда мешавад, шаҳристонҳои расмӣ гардонидашуда ё ҷуғрофӣ меноманд. Айни замон, Тибқи Санади лейтенантии соли 1997 ба ҷойи вожаи ғайрирасмии "шаҳристонҳои расмӣ гардонидашуда" мафҳуми "Шаҳристонҳои ҳамин санад" истифода мешавад. Дар тамоми Бритониёи Кабир бештар вожаи «Минтақаи лейтенантӣ» маъмул аст.[2] [3]. Дар Англия 48 шаҳристонҳои расмӣ гардонидашуда мавҷуданд.
Шаҳристонҳои Метрополитенӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар айни замон дар Англия 6 шаҳристонҳои Метрополитенӣ (ҷуғрофӣ) вуҷуд доранд: Манчестери Бузург, Мерсисайд, Йоркшири Ҷанубӣ, Тайн ва Уир, Мидленси Ғарбӣ, Йоркшири Ғарбӣ. Ин навъи воҳиди маъмурӣ соли 1974 таъсис ёфтааст; ҳамаи шаҳристонҳо, дар навбати худ, ба ноҳияҳо ва ҳавзаҳо тақсим мешаванд. Соли 1986, ҳукумати М. Тетчер шӯрои шаҳристонҳоро дар ин бахшҳо барҳам дод ва вазифаҳои назоратӣ ба ноҳияҳо ва ҳавзаҳо вогузор карда шуданд.
Шаҳристонҳои Ғайриметрополитенӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ширҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳристонҳое, ки якчанд ноҳияи маъмурӣ ва ҳавзаҳоро дар бар мегирад, ба гурӯҳи "Ширҳо" дохил мешавад (англ. shire), ҳатто агар суффикси – "шир" дар исми онҳо мавҷуд набошанд.
Ин вазъ ҳоло дар 28 музофот мавҷуд аст:
- Бакингемшир,
- Беркшир,
- Сассекси Шарқӣ,
- Вустершир,
- Глостершир,
- Девон,
- Дербишир,
- Дорсет,
- Сассекси Ғарбӣ,
- Камбрия,
- Кембриджшир,
- Кент,
- Ланкашир,
- Лестершир,
- Линколншир,
- Нортгемптоншир,
- Норфолк,
- Ноттингемшир,
- Оксфордшир,
- Саффолк,
- Йоркшири Шимолӣ,
- Сомерсет,
- Стаффордшир,
- Суррей,
- Уорикшир,
- Хартфордшир,
- Хэмпшир,
- Эссекс.
Ҳама ғайр аз Беркшир шӯрои ноҳиявӣ доранд.
Воҳидҳои ягонаи маъмурӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар як қатор шаҳрҳои ғайриметрополитенӣ тақсимоти дохилӣ ба ноҳияҳо вуҷуд надорад. Чунин кишварҳо ба воҳидҳои ягонаи маъмурӣ (унитарӣ) дохил мешаванд. Аз соли 2009 инҷониб 55-то воҳидҳои ягонаи маъмурӣ вуҷуд доранд. Аксарияти онҳо шӯроҳои ноҳиявӣ доранд Дар ҷазираи Уайт расман як шӯрои шаҳристонӣ мавҷуд аст, аммо ягон шӯрои ноҳиявӣ мавҷуд нест.
Шаҳристонҳои метрополитенӣ ва ғайриметрополитении Англия | ||
|
|
|
* воҳиди ягонаи маъмурӣ
** шаҳристонҳои ҷуғрофӣ (метрополитенӣ) бидуни шӯрои шаҳристонӣ
*** шаҳристонҳои ғайриметрополитенӣ бидуни шӯрои шаҳристонӣ
¹ минтақаи маъмурӣ ё минтақа (бидуни воҳиди шаҳристонӣ)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]{{эзоҳ}}
Шаҳристони Англия дар Викианбор |
- ↑ Из БСЭ, статья Графство.
- ↑ Акт о Лейтенантстве 1997
- ↑ В Акте о Лейтенантстве 1997 вместо неофициального термина «церемониальное графство» используется определение «Графства для целей этого акта» (англ. County for the purposes of this Act). Для всей Великобритании церемониальному графству соответствует термин «Лейтенантская территория» англ. Lieutenancy area