Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Шаҳриёр Қанбарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳриёр Қанбарӣ
Таваллуд 28 июл 1950(1950-07-28) (75 сол)
Пеша таронасаро, оҳангсоз, намоишноманавис, муҷрии телевизион, коргардони филм, овозхон, шоир, рӯзноманигор, филмноманавис, ҳунарпеша, шоири таронасаро, муҷрӣ
Падар Ҳамид Қанбарӣ[d]
Вебгоҳ shahyarghanbari.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шаҳриёр Қанбарӣ (форсӣ: شهریار قنبری‎‎; зод. 28 июли 1950, Теҳрон) — таронасаро, шоир, оҳангсоз, хонанда, намоишноманавис, филмсоз, рӯзноманигор ва муҷрии радиову телевизиони эронии сокини ИМА[1][2]. Қанбарӣ дар даврони пеш аз инқилоби соли 1979 ба як таронасарои шинохта табдил ёфт ва ӯро яке аз оғозгарони таронасароии навин дар Эрон медонанд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳриёр Қанбарӣ 28 июли соли 1950 (6 мурдоди 1329) дар оилаи ҳунарманд дар Теҳрон ба дунё омадааст. Падари ӯ Ҳамид Қанбарӣ, яке аз дублурҳои машҳури эронӣ буд. Шаҳриёр фаъолияти адабии худро аз наврасӣ оғоз карда, барои нашрияи «Иттилооти кӯдакон» достонҳои кӯтоҳ менавишт ва гоҳе шеър месуруд. Сипас барои идомаи таҳсил ба Лондон рафт ва дар миёнаи даҳаи 1960 ба Эрон баргашт.

Фаъолият то инқилоби соли 1979

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳриёр пас аз бозгашт ба Эрон, бархилофи хости падараш, ки мехост ӯ меъмор шавад, ба сурудани тарона оғоз кард. Нахустин таронаи ӯ «Дига ашкам восе ман ноз мекунад» (Дигар ашкам барои ман ноз мекунад) бо оҳангсозии Исфандиёр Мунфаридзода ва сипас «Ситора ай ситора» бо оҳангсозии Парвиз Атабакӣ буд, ки ҳарду бо садои Гугуш мунташир шуданд.

Ба назари таронасароёне мисли Ардалон Сарфароз, таронаи «Қиссаи ду моҳӣ» бо оҳангсозии Бобак Афшор, ки дорои навварӣ дар вожа ва мазмун буд, сароғози таронаи навини форсӣ ва таронаи муосири Эрон маҳсуб мешавад. Худи Қанбарӣ дар ин бора мегӯяд: «Қиссаи ду моҳӣ милоди ман аст. Банди нофи таронаи ман ин чунин бурида мешавад…»

Ҳамкории Шаҳриёр бо Воружон марҳалаи навине дар зиндагии ҳунарии ӯ буд. Таронаи «Бӯи хуби гандум» бо иҷрои Дориюш боис шуд, ки хонанда ва шоир ҳарду ба зиндон афтанд. Шаҳриёр Қанбарӣ дар тӯли ин солҳо бо офаридани таронаҳое чун «Намоз», «Агар бимонӣ», «Ҳарф», «Нафас», «Ҳиҷрат», «Ҷумъа», «Марди танҳо», «Ҳафтаи хокистарӣ», «Бӯи идӣ» ва «Суқут» ба қуллаҳои баланди ҳунарӣ расид.

Пас аз инқилоб

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз инқилоби соли 1979, Қанбарӣ ба хориҷ аз кишвар кӯчид ва ҳамкориро бо ҳунармандони саршиноси муқими хориҷа, аз ҷумла Маҳастӣ, Эбӣ, Дориюш, Гугуш, Ромиш, Мартик, Шоҳрух, Саттор, Муъин, Сиёвуш Қумайшӣ, Лайло Фуруҳар, Ҳасан Шумоизада ва дигарон идома дод. Ӯ дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Лос-Анҷелес зиндагӣ мекунад[3].

Маҷмӯаи панҷ китоб аз шоир бо номи «Панҷ ҳарфи дурушт дар мушт» аз ҷониби интишороти «Нигоҳ» ба чоп расидааст:

  1. OFFICIAL WEBSITE OF SHAHYAR GHANBARI(англ.). www.shahyarcinesong.com. 22 Январ 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 ноябри 2013.
  2. Iran Politics Club: Forbidden Poetry (Ghadeghan) - Shahyar Ghanbari (Persian Poetry). iranpoliticsclub.net. 22 Январ 2026 санҷида шуд.
  3. محمد ضرغامی. شهیار قنبری «وسط لس آنجلس بی بال و بی سر»(форсӣ), رادیو فردا. Проверено 22 Январ 2026.