Шелдон Лӣ Глэшоу
англ. Sheldon Lee Glashow | |
Таърихи таваллуд | 5 декабр 1932[1][2][3][…] (91 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики назарӣ[d][5], electroweak interaction[d][5], физики заррот[d][5] ва field theory[d][5] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Julian Schwinger[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Шелдон Лӣ Глэшоу (англ. Sheldon Lee Glashow; зод. 5 декабри 1932, Ню-Йорк) — физикдони амрикоӣ, узви АИ миллии Амрико (1977).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи донишгоҳҳои Корнелл (1954) ва Ҳарвард (1955). Солҳои 1958—1960 дар Институти физикаи назариявии Копенгаген, 1960-61 дар Институти технологии Калифорния, 1961—1962 дар Донишгоҳи Стенфорд, 1962—1966 дар Донишгоҳи Калифорния дар Беркли кор кардааст. Аз соли 1966 профессори Донишгоҳи Ҳарвард. Дар соҳаи назарияи зарраҳои бунёдӣ таҳқиқот анҷом додааст. Шелдон Лӣ Глэшоу гурӯҳи симметрияи SU (2) x U (1)-ро дарёфта (1960), ҳамроҳи Ҷ. Бёркен фарзияро дар бораи мавҷудияти адади нави квантӣ — Ғ (малоҳат) пешниҳод кардааст. Ҳамроҳи Ҷ. Илиопулос ва Л. Майани кваркҳои малеҳро барои муоина ворид намуда, назарияи таъсири мутақобилаи заиф ва электромагнитии Вайнберг — Саламро тағйир додааст ва тарҳи тасвирҳои оилаҳои адронҳоро дар супермултиплетҳо таҳия кардааст (1970). Новобаста аз дигарон мавҷудияти лептони барқанок ва ғайрифаъол (нейтрали)-и вазнинро пешгӯӣ (1972) ва ҳамроҳии С. Ҷорчи тамсилаи таъсири мутақобилаи электрии заифро, ки дар он ҷараёнҳои нейтралӣ вуҷуд надоранд, пешниҳод намудааст. Шелдон Лӣ Глэшоу новобаста ба дигарон тамсилаи зарраҳои малеҳро сохта, дар он мавҷудияти D — ва F-мезонҳои малеҳро пешгӯӣ кардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои таҳияи назарияи муттаҳид сохтани таъсири мутақобилаи заиф ва электромагнитӣ ҳамроҳи Абдуссалом ва С. Вайнберг сазовори ҷоизаи Нобел (1979) гаштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Notable Names Database (ингл.) — 2002.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Notable Names Database (ингл.) — 2002.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Глэшоу Шелдон Лим // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.