Шералӣ Кабир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шералӣ Кабир
аз 3 ноябри 2020
Нахуствазир Қоҳир Расулзода
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Заробиддин Файзуллозода

Таваллуд 22 ноябр 1971(1971-11-22) (52 сол)
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои иқтисодӣ[d] (2012)
Эътиқод ислом
Ҷоизаҳо
Ордени «Шараф»

Шералӣ Кабир (Кабиров Шералӣ олимович; зод. 22 ноябр 1971, Қалъаи Хумб, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод (2012), ходими давлатӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2020).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шералӣ Кабир 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1992 Донишкадаи савдои советӣ-кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоративу кооператвии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва дипломи аъло хатм кардааст.

Соли 2003 ӯ курсҳои такмили ихтисос дар самти муфлисшавӣ ва солимгардонии вазъи молиявиро дар Донишгоҳи байналмиллалии бонкии шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия низ хатм намуд.

Хонавода[вироиш | вироиши манбаъ]

Оиладор ва соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шералӣ Кабир дар оғоз дар вазифаи муовини тиҷории раиси кооперативи «Сигнал»- и заводи «Спетсавтоматика» (1993—1994) ба фаъолият пардохта, як замон муовини тиҷории президенти Ҷамъияти саҳомии «Тенис»-и шаҳри Душанбе (1994—1999) низ буд.

Пас аз ин ӯ ба вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба кор омад. Нахуст дар вазифаҳои мутахасиси дараҷаи аввал, сармутахасис, сардори шӯъба дар Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва захираҳои моддӣ -техникӣ (1999—2001) ва сипас сармутахасиси Хадамоти савдо, сайёҳӣ ва фаъолияти биржавӣ (2001) кор кард. Як муддат сардори хадамоти Биржаи молии маҳсулотҳои саноатӣ (2001—2003)-и Тоҷикистон буд.

Аз соли 2003 то 2005 дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» дар вазифаҳои гуногун, аз сардори Идораи амалиётҳои бонкӣ то муовинии раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» кор кардааст Пас аз ин ӯ ба Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, ки дар вазъи буҳронӣ қарор дошт ва соли 2007 ба Ширкати алюминиуми Тоҷикистон табдили ном кард, ба кор омад.

Дар оғоз муовини якуми директори Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (2005) буд.

Баъдтар директори молия ва тиҷорати Ширкати алюминиуми Тоҷикистон (2007) таъйин шуд. Аз соли 2015 то 2020 раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати алюминий тоҷик» буд[1].

Дар моҳи 3 ноябри соли 2020, бо фармони Президенти Тоҷикистон вазири саноат ва технологияҳои нав таъйин шуд[2][3].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2012 бо ордени «Шараф дараҷаи I» сарфароз қадрдонӣ шудааст[4].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]