Шермуҳаммад Шоҳиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шермуҳаммади Шоҳиён)
Шермуҳаммад Шоҳиён
раиси куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии тоҷикистон

Шермуҳаммади Шоҳиён (1962, ноҳияи Фархори, вилояти Хатлон) — Аз моҳи феврали соли 2011 раиси Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шермуҳаммади Шоҳиён соли 1962 дар ноҳияи Фархори, вилояти Хатлон) ба дунё омадааст. Фаъолиятро ҳамчун адвокат дар ноҳияи Ёвон шурӯъ намуда, сипас дар вазифаи судя ва раиси суд дар ноҳияҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 1994—1995 муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд ва сипас шаш сол мушовири давлатии президент ва намояндаи ӯ дар парлумон буд. Аз соли 2006 то 2010 — раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар интихоботи соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд ва як сол дар мақоми раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният кор кард. Аз моҳи феврали соли 2011 раиси Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]