Шероз Муъминзода
Шерозҷон Абдуҷабборович Тоҷибоев | |
Таърихи таваллуд | 27 сентябр 1982 (42 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар |
![]() |
Фазои илмӣ | ҳуқуқ |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд |
Шероз Абдуҷаббор Муъминзода (Шерозҷон Абдуҷабборович Тоҷибоев; зод. 27 сентябри 1982, Хуҷанд) — ҳуқуқшинос, омӯзгор, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2015), дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шероз Муъминзода Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро дар соли 2004 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Соли 2015 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Танзими ҳуқуқии шартномаҳои фючерие, ки дар биржаҳои молӣ баста мешаванд» ҳимоя намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Тайи солҳои 2004—2007 ба ҳайси ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ, 2007—2009 мудири бахши кор бо ҷавонони Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, солҳои 2009—2012 дар вазифаҳои муовини декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ, 2012—2015 мудири бахши тайёрӣ, 2015—2017 ёвари директор ва солҳои 2017—2018 декани факултети тиҷорат ва ҳуқуқи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, солҳои 2018—2024 декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва солҳои 2004—2025 муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буд[1].
Аз 28 майи 2025 ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъйин шудааст[2].
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар равияи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гражданӣ тадқиқот бурда, дар ин самт беш аз 100 маводи илмию тадқиқотиаш дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва берун аз он ба табъ расидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муминзода Шероз Абдуҷаббор – муовини ректор оид ба корҳои таълим, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. 28 май 2025 санҷида шуд.
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» таъин намудани Мӯминзода Ш.А.. ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (28 май 2025). 28 май 2025 санҷида шуд.
- Зодагони 27 сентябр
- Зодагони соли 1982
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Номзадҳои улуми ҳуқуқшиносӣ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Ҳуқуқшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
- Олимони асри XXI
- Ҳуқуқшиносон аз рӯи алифбо