Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Шодмон Юсуф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шодмон Юсуф
Таърихи таваллуд 1949
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 июли 2025(2025-07-23)
Маҳалли даргузашт

Шодмон Юсуф (Шодмон Юсупов; 1949, Ноҳияи Панҷ, вилояти Сталинобод23 июли 2025, Вена) — сиёсатмадори тоҷик, яке аз бунёнгузорон ва нахустин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон. Ӯ яке аз чеҳраҳои калидӣ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дар охири солҳои 1980 ва аввали солҳои 1990 ба шумор меравад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шодмон Юсуф сооли 1949 дар ноҳияи Панҷи вилояти Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст[1]. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Саратов буд. Пас аз хатми донишгоҳ, ӯ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохта, дар донишгоҳҳои омӯзгории шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе дарс гуфтааст. Баъдан, ба кори илмӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон машғул шуд. Дар ҳамин давра, ӯ чанд сол раҳбарии кумитаи Ҳизби коммунистро дар Академияи илмҳо ба уҳда дошт.

Фаъолияти сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Поягузории ҲДТ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи августи соли 1991, дар конфронси муассисони Ҳизби демократи Тоҷикистон, Шодмон Юсуф раиси ин ҳизби навтаъсис интихоб гардид. Аксари бунёдгузорони ҳизбро зиёиён, устодони донишгоҳҳо ва аъзои фаъоли маҳфилҳои сиёсии он замон, аз қабили «Растохез» ва «Рӯбарӯ», ташкил медоданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ ва муҳоҷират

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992, Ҳизби демократ яке аз ҷонибҳои асосии низоъ буд. Шодмон Юсуф масъулияти роҳбарии нерӯҳои ҷонибдори Ҳукумати муросои миллиро дар созмоне бо номи «Ситоди Наҷоти Ватан» бар уҳда гирифт.

Бо пирӯзии нерӯҳои «Фронти халқӣ» дар поёни соли 1992 ва ба сари қудрат омадани ҳукумати нав бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, Шодмон Юсуф ва аксари аъзои дигари ҲДТ маҷбур ба тарки кишвар шуда, ба Афғонистон ва кишварҳои дигар муҳоҷир шуданд.

Ихтилофот дар ҲДТ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар муҳоҷират миёни аъзои Ҳизби демократ ихтилофи назар бар сари идомаи муборизаи мусаллаҳона алайҳи ҳукумат ба вуҷуд омад. Ин ихтилоф боиси тақсим шудани ҳизб ба ду ҷиноҳи асосӣ гардид:

  1. «Ҷиноҳи Теҳрон»
  2. «Ҷиноҳи Алмаато»

«Ҷиноҳи Алмаато», ки ҷонибдори муборизаи муштарак бо дигар нерӯҳои мухолифин буд, ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик пайваст ва дар музокироти сулҳ ширкат кард. Дар натиҷа, намояндагони ин ҷиноҳ баъдан соҳиби мансаб дар ҳукумат шуданд. «Ҷиноҳи Теҳрон» пештар аз музокирот бо ҳукумат ба созиш расида буд, аммо дар тақсимоти қудрат саҳме дарёфт накард.

Солҳои охир ва даргузашт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шодмон Юсуф ҳудуди 30 соли охири умрашро дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия, ба сар бурд. Дар солҳои ахир ӯ аз фаъолиятҳои сиёсӣ канор рафта, гӯшанишиниро ихтиёр карда буд ва бештар ба корҳои илмӣ машғул буд. Ӯ ҳамчунин аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекард. Ӯ як соли охир аз беморӣ ранҷ мекашид ва 25 июли соли 2025 дар синни 76-солагӣ дар як беморхонаи шаҳри Вена даргузашт[2].

  1. ЮСУФ (Юсупов) Шодмон - Биография. www.labyrinth.ru. БД "Лабиринт". 23 июли 2025 санҷида шуд.
  2. Шодмон Юсуф, аввалин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, даргузашт. asiaplustj.info. ASIA-Plus (23 июли 2025). 23 июли 2025 санҷида шуд.