Шоназар Шоисматуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шоисматуллоев Шоназар)
Шоназар Шоисматуллоев
Шоназар Шоисматуллоев
Таърихи таваллуд 1946(1946)

Шоназар Шоисматуллоев — доктори илмҳои сотсиологӣ (1977), профессор (2005). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2008).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоназар Шоисматуллоев Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм кардааст (1968), ихтисос – «сотсиология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: сотсиология, соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон. Котиби илмӣ, мудири бахш, мудири шуъба, муовини мудири Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ (1977-1993). Мудири кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1995-1999). Мудири шуъбаи сотсиология (2001-2002), муовини директор (2002-2009), мудири шуъбаи (2009 - то имрӯз) Институти фалсафа ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови (ҳоло – Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва хуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов) Академияи илмҳои ҶТ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.