Шоназар Шоисматуллоев
Шоназар Шоисматуллоев | |
Таърихи таваллуд | 1946 |
Шоназар Шоисматуллоев — доктори илмҳои сотсиологӣ (1977), профессор (2005). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2008).[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шоназар Шоисматуллоев Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм кардааст (1968), ихтисос – «сотсиология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: сотсиология, соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон. Котиби илмӣ, мудири бахш, мудири шуъба, муовини мудири Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ (1977-1993). Мудири кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1995-1999). Мудири шуъбаи сотсиология (2001-2002), муовини директор (2002-2009), мудири шуъбаи (2009 - то имрӯз) Институти фалсафа ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови (ҳоло – Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва хуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов) Академияи илмҳои ҶТ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |