Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Шохиси рушди инсон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шохиси рушди инсонӣ (ШРИ) (англ. Human Development Index) — нишондиҳандаи интегралиест, ки ҳамасола барои муқоисаи байнидавлатӣ ва ченкунии сатҳи зиндагӣ, саводнокӣ, маълумотнокӣ ва дарозумрӣ ҳамчун тавсифдиҳандаҳои асосии потенсиали инсонии ҳудуди мавриди пажӯҳиш ҳисоб карда мешавад. Он асбоби стандартӣ ҳангоми муқоисаи умумии сатҳи зиндагии кишварҳо ва минтақаҳои гуногун мебошад. Шохис соли 1990 аз ҷониби гурӯҳи иқтисоддонҳо бо роҳбарии Маҳбуб ул-Ҳақ (Покистон) таҳия шуда, сохтори консептуалии он ба шарофати корҳои Амартя Сен (Ҳиндустон) эҷод шудааст. Шохис дар доираи Барномаи рушди СММ (UNDP) нашр мешавад.

Нишондиҳандаҳои асосӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми ҳисоби ШРИ 3 намуди нишондиҳандаҳо ба назар гирифта мешаванд:Дарозумрии интизорӣ — сатҳи дарозумриро арзёбӣ мекунад.Сатҳи саводнокии аҳолӣ (шумораи миёнаи солҳои таҳсил) ва давомоти интизории таҳсил.Сатҳи зиндагӣ, ки тавассути МММ (Маҳсулоти Миллии Маҷмӯӣ) ба ҳар сари аҳолӣ аз рӯи қобилияти харидорӣ (PPP) бо доллари ИМА арзёбӣ мешавад.Инчунин системаи нишондиҳандаҳои тафриқавӣ мавҷуд аст, ки тафовути иҷтимоию иқтисодиро тавсиф мекунанд, аз ҷумла коэффитсиентҳои тафриқаи саломатӣ, маориф ва даромад.Соли 2010 оилаи индикаторҳои ШРИ васеъ карда шуд ва се нишондиҳандаи нав илова гардид:Шохиси рушди инсонӣ бо назардошти нобаробарии иҷтимоию иқтисодӣ (IHDI).Шохиси нобаробарии гендерӣ (GII).Шохиси камбизоатии бисёрҷабҳа (MPI).Вобаста ба арзиши ШРИ, кишварҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешаванд: хеле баланд, баланд, миёна ва паст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барномаи рушди СММ

Кишварҳои рӯ ба тараққӣ