Шоҳаншоҳии Ашконӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шоҳаншоҳии Ашконӣ
Parθava (Pahlav/Pahlavanigh)

247 то м. — 224




Шоҳаншоҳии Ашконӣ дар ниҳояти густариши худ.
Пойтахт Нисо, Гекатомпил, Экбатан, Тайсафун (500 000 аҳолӣ), Селевкия.
Забон(ҳо) забони портӣ, юнонии койне[d], забони оромӣ, порсии миёна ва Old Babylonian[d]
Воҳиди пул Parthian coins[d]
Аҳолӣ 20 000 000
Шакли ҳукмронӣ подшоҳии феодалӣ[d]

Ашкониён (форсӣ: اشکانیان‎; 250226 то милод) — лақаби салтанати севум аз мулуки Аҷам, силсилаи подшоҳони Эрони бостон, ки солҳои 250–226 то милод ҳукмронӣ кардаанд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибтидои таърихи сулолаи Ашкониён ба таназзули давлатдории Селевкиён робитаи мустақим дорад. Искандари Мақдунӣ пойтахти аслии Ҳахоманишиён – Тахти Ҷамшедро оташ зада ба қудратмандии ин сулолаву давлатдорӣ хотима дод.

Селевкиён, ки бешубҳа, ҷонишинони билофасли онон дар Байнаннаҳрайн ва Эронзамин буданд, барои густариши бештари маданияти юнонӣ талош мекарданд. Фарҳанги эллинистӣ бар рӯҳу равони шарқиён комилан истило наёфт. Дар натиҷаи мухолифату муборизаҳо бо румиён ғурури миллии юнониён коҳиш ёфт ва шарқиён тавонмандӣ касб карданд. Пас аз Селевкиён Портиён дар шарқи Наздик тахминан ба муддати 500 сол қудратманд шуданд (аз нимаи дувуми садаи III-и то милод то ибтидои садаи III ммилод). Дар нимаҳои садаи III-и то милод вазъият дар сатрапияҳои Селевкиён муташанниҷ гардид. Ба ҳудуди шимоли шарқӣ зуд-зуд кӯчиён аз Осиёи Марказӣ ҳамлавар мешуданд. Дар баробари ин сатрапияҳо маҷбур буданд ба ҳукумати марказӣ барои мубориза бо Миср мадади моддию ҷонӣ расонанд. Муноқишаҳои байни юнониёну мақдуниён сатрапҳоро ба сӯи истиқлол савқ медоданд. Дар ин нобасомониҳо қабилаи парнҳо бо сарварии пешвояшон Аршак пештоз буданд. Дар манбаъҳо ва маъхазҳои таърихӣ номаҳои Ситсерон, ашъори Ҳоратсия, навиштаҳои Патеркул, Фронтин, Патсий, Плутарх, Кассий, Арриан, Светония, Филострат, Лушан, осори ибронӣ, суриёнию хитойӣ маълумоти парокандае дар бораи Порт оварда шудаанд.

Таъсисёбии сулолаи Ашкониён[вироиш | вироиши манбаъ]

Шикасти шоҳ Селевки II аз келтҳо наздики Анкир (соли 238 то милод) ба Ашк имкон дод, ки Андрагорро ронда, Портро соҳиб гардад. Як сатрапияи томи селевкиён ба дасти Эрониён гузашт. Дар ғарб соли 245 то милод ҷанги шадиди шаҳрвандӣ оғоз гардид. Сатрапияи Порт бо сарварии Андрагор шӯриданд, ба думболи хиёнати ӯ шӯриши Диодот – ҳокими Бохтар (шояд дар соли 239 рух дода бошад) сар зад. Қабилаи парнҳо, ки дар фаъолияти селевкиён нақши бузург мебозиданд, ба андешаи Страбон ва Трот яке аз қабилаҳои мутавасситае буд аз иттиҳоди дакҳои минтақаи шарқии Баҳри Хазар. Ба эҳтимоли қавӣ, парнҳо ба вилояти Порт ва Бохтар баъди марги Искандари Мақдунӣ кӯч баста бошанд. Баъдан ин қабилаҳо муқимӣ шуда, зиндагии нимкӯчӣ ихтиёр намуданд ва забонашон бо забони мардуми маҳаллӣ махлут гардид. Дар лавҳачаи аз Нисо (шаҳри қадимии портҳо) пайдошуда ба асосгузори сулолаи Ашкониён будани Ашк (Аршак) ишора рафтааст, ки ин аз шахсияти таърихӣ будани ӯ шаҳодат медиҳад. Минбаъд портҳо дар тақлид ба Селевкиён солшумориро аз давраи ба тахт нишастани Аршак (соли 247 то милод) оғоз карданд. Солҳои аввали давлатдорӣ портҳо ба ҳамроҳ кардани қисматҳои Гургон (Ҳирканиё) банд буданд. Дар ин байн Аршак фавтид ва тибқи анъанаҳои классикӣ ба тахт бародараш Тиридот Ашки II нишаст, пойтахт шаҳри қадимии Дара дар кӯҳсори Апаортенон (димнаи ин шаҳр дар ҳаволии Абеварди ҳозира ҳафр шуда) интихоб шуд; вале баъди забти Ҳирканиё ва Комитен пойтахт ба шаҳри Селевкӣ – Ҳекатомпил кӯчид. Пас аз марги Тиридот (соли 211 то милод) писараш Артабони I соҳибтахт шуд. Дар ин давра ҳудуди портҳо аз Ҳамадон то Мод тавсеа ёфт. Пас аз фавти Артабони I (соли 191 то милод) писараш Приапат подшоҳ шуд, ки ду писар дошт: Меҳрдод (Митридот) ва Фарҳод (Фраат). Баъд аз сари Приапат давлатдорӣ ба писари калониаш Фарҳод расид. Дар натиҷаи кишваркушоиҳои Фарҳод ҳудуди мулк хеле васеъ гардид.

Давраи ҳукумронии Меҳрдод[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди марги Фарҳод Меҳрдод ба сари ҳокимият омад. Меҳрдод истеъдоди фавқулодаи сипоҳсолорӣ дошт ва аввал қотеъона сӯи ғарб ҳаракат карда, Мод, Байнаннаҳрайн ва Бобулро ишғол намуда, ба ҳудуди Селевк ворид гашт. Сипас рӯ ба Шарқ ниҳод. Ҳамакнун Меҳрдод сиккаҳои нахустини портиро ба номи худаш зарб мезад ва ин маънои қатъи тамоми робита бо Селевкиёнро дошт. Дар шаҳри Меҳрдод бохтариёнро шикаст дода, Деметрийро комилан нобуд сохт. Меҳрдод то охири умраш (соли 138 то милод) Портро аз як давлати хурд дар як гӯшаи Эрон ба империяи бузург табдил дод, ки аз Бобул то Бохтари Шарқӣ тӯл мекашид.

Пас аз вай писари ҷавонаш Фарҳоди II ба сари ҳокимият омад, вале усулан давлатро модараш ҳамчун ноибуссалтана идора мекард. Соли 130 то милод ба давлати Фарҳод якбора аз ғарб Антиохи VII ва ҳам аз шаҳри ҳунҳо ҳамлавар шуданд. Антиохи VII Бобул ва Модро бозпас ба худ баргардонд, вале дар задухӯрди охирӣ кушта шуда, писараш Селевк асир афтод. Баъди аз тарафи зархаридони юнонӣ кушта шудани Фарҳод Артабони II ба тахт нишаст. Артабони II низ дар яке аз набардҳо кушта шуд (соли 124 то милод). Сипас писари ӯ Меҳрдоди II ҳокимиятро соҳиб гардид. Меҳрдоди II ҳамчун сиёсатмадори варзида ба зудтарин фурсат Бобулро бозпас баргардонд. Ӯ ҳатто ба подшоҳи Арман – Артавазд ҳамла карда писараш Тигранро ба асорат бурд. То соли 113 то милод портҳо Байнаннаҳрайнро боз ишғол намуданд. Дар Ш. низ Меҳрдоди II муваффақиятҳо ба даст овард: вилоятҳои Форс (Парсу) ва Арейро ишғол карда, Сиистонро ҳам комилан тобеъ намуд. Дар даргириҳо бо римиён Меҳрдоди IV хеле фаъол буд.

Пас аз даргузаш­ти ӯ (соли 70 то милод) ба писараш Фарҳоди III мамлакат дар ҳолати хеле парокандаву маҳдуд мерос монд. Дар ин давра Сакистон ва Арахосия ҳам аз даст рафтанд. Вале дар ҒАЙРА вазъ ташвишовартар буд; дар он ҷо Давлати Селевкиён рӯ ба таназзул ниҳода буд ва бурузи Римиён аз масоили умдаи сиёсати байналмилалӣ гардид. Муносибатҳои байни Порт ва Рум хеле хушунатомез буданд. Соли 58 то милод Фарҳоди III аз тарафи фарзандони хеш Меҳрдод ва Ород ба қатл расид ва онон барои тоҷу тахт ба талош бархостанд. Меҳрдод Бобулро фатҳ кард. Ород ӯро пайгир карда ба куштанаш (соли 54 то милод) амр дод. Баъди Меҳрдод ҳукумат ба Ород расид. Дар ин давра дар Рум низоми ҷумҳуриявӣ рӯ ба харобӣ овард ва ашроф барои ҳокимият ба талош бархостанд. Се нафар – Сезар, Пом­чей ва Красс пештоз буданд. Аз байни инҳо Красс ҳокими Сурия шуд ва нияти забти Порт намуд. Дар соҳили даҳри Балик (Балисс), ҳаволии шаҳри Карра (Харрон), байни римиён ва портҳо муҳорибаи шадиди хунине рух дод, ки аксари сипоҳи римиён ва худи Красс низ қурбон шуданд. Дасту пои Красро бурида ба Арман барои Ород фиристоданд.

Тибқи маълумоти Юстин, Ород дар яке аз муҳорибаҳои шадид сипаҳсолори мумтозаш – Пакорро аз даст медиҳад ва дар ин ғам аз ақл бегона мешавад. Ин буд, ки соли 37 то милод фармонфармоӣ ба писараш Фарҳоди IV мегузарад, вале ӯ аввал падар ва сипас тамоми бародаронашро сар мезанад. Дере нагузашта Тиридоти II шӯриш бардошт ва Фарҳод маҷбур шуд ба скифҳо паноҳ ҷӯяд. Пас аз чанде Фарҳод бо мадади скифҳо Тиридотро ба Сурия ронд. Аз издивоҷи ӯ бо канизаки итолиёӣ – Муза писараш Фарҳоди V ба дунё омад.

Давраи ҳукмронии Фарҳоди V[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2 то милод Фарҳоди V ба тахт нишаста, баъди ду сол ба қатл расонда шуд. Тахти портҳо бе подшоҳ монд ва ашрофи порт ба Август муроҷиат карданд, ки яке аз писарони Фарҳоди IV-ро, ки Муза онҳоро дар Рум пинҳон карда буд, барои подшоҳӣ бифиристанд. Барои сарварӣ ба сулола Вонони I фиристода шуд. Пас аз ӯ соли 12-и милод Артабони III соҳиби тахт гардид. Дар давоми подшоҳии тӯлониаш Артабони III ҳудуди кишварашро хеле васеъ карда, мамлакати мутамарказеро ба вуҷуд овард. Минбаъд набераи Фарҳоди IV (соли 35) Тиридоти III ба тахт соҳиб мегардад, вале пас аз муддате аъёну ашроф, ки хулқу атвори римишудаи ӯро қабул надоштанд, Артабони солҳои қаблӣ дар Гургон (Ҳирканиё) дарвешгардидаро пайдо карда, ба тахт нишонданд. Пас аз фавти Артабон (соли 38) Гударз (Готарз) соҳиби Порт мегардад. Гударз ҳам мисли Артабон мустақиман аз аҷдоду авлоди Ашкониён набуд. Баъдан Порт байни Гударз ва бародараш Вардан тақсим меша­вад, вале ба зудӣ дар шикоргоҳ Вардан ба қатл мерасад. Вонони II – меросбари Гударз фақат чанд моҳ тахт­нишинӣ кард ва фармонбардорона Модро ба бародараш Пакор ва Арманро ба бародари Тиридот бахшид. Дар давраи ҳукмронии Вологези I (соли 80) асосан маданияти портҳо ба тариқи шарқӣ рушд ёфт. Вологез баъди ҷангҳои шадид бо римиён ба тахти Арман бародараш Тиридотро нишонд, ки минбаъд саравлоди Ашкониёни Арман маҳсуб мегардад.

Ибтидои садаи I м.[вироиш | вироиши манбаъ]

Тибқи маълумоти Плиний, Порт дар ибтидои садаи I м. ба 18 кишвари ниммустақил тақсим шуд. Соли 105 м. Вологези II ба сари ҳокимият омад. Дар ин вақт аз шарқ Кушониён ва аз шарқ аланҳои кӯчӣ таҳдид мекарданд, вале хатари асосӣ аз Рум буд. Соли 109 Ороз соҳиби тахт гардид. Соли 148 Вологези III, ки сарлашкари варзида ва шахси адолатхоҳ буд, ба тахт нишаста, с. 161 барои тасхир намудани Сурияи Рум талош кард, вале ба натиҷае нарасид. Соли 197 писари Вологези III–Вологези IV кӯшид, ки Байнаннаҳрайни Шимолиро тобеъ созад, вале муваффақ нашуд. Парокандагии ҳокимони дохили мамлакат ва ҳамлаҳои пайдарҳами душманони берунӣ сулолаи Ашкониёнро сӯи таназзулёбӣ кашонданд. Пас аз фавти Вологези IV (с. 208) писари ӯ Вологези V ба тахт нишаст, вале андаке нагузашта с. 213 муқобили ӯ бародараш Артабони V бархест. Пас аз муқовимати шадиди тӯлонӣ ӯ Мод, Порт як қисми Байнаннаҳрайну Тайсафунро тасхир кард, вале дар баробараш Вологез ҳам Селевк, Бобул ва чанд шаҳри дигарро нигоҳ дошт. Соли 216 ба Байнаннаҳрайн сипоҳи Рум бо сипаҳсолории Каракалл ҳамла овард. Барои портҳо ин ҳуҷум ногаҳонӣ буд ва бад-ин сабаб Артабон танҳо баъди як сол сипоҳ ҷамъ карда муқобилашон баромад. Дар ноҳияи Нисибин ҷанги шадиде сурат гирифт, вале ҳеч кадом дастболо нашуд. Ин ҷанги охирин байни Рум ва Порт буд. Соли 224 Ардашери I аз авлоди Сосониён дар ҳамвории Урмуздакон Вологези V ва с. 228 Артабони V-ро шикаст дод. Артабон ба кӯҳҳои Эрон паноҳ бурд, вале оқибат дастгир ва дар Тайсафун ба қатл расонда шуд. Бо ҳамин ба сулолаи Ашкониён ва ҳукмронии чаҳорсадсолаи портиҳо хотима гузошта шуд. Ба сари қудрат сулолаи эронии Сосониён омаданд.

Дар авоили мавҷудияти давлатдории Ашкониён маданияти эллинии шаҳрҳои юнонӣ ва аҳолии маҳаллӣ аз ҳам ҷудо, қариб дар алоҳидагӣ тараққӣ мекарданд. Аз ибтидои садаи I м. омезиши ин ду маданият оғоз гардид. Тадриҷан унсурҳои санъати эллинӣ аз байн рафта, унсурҳои санъати маҳаллӣ ҷойгузини онҳо гардиданд. Чунончи маъбади Тахти Ҷамшед ба оташкада монанд буд, дар атрофи қасри марказӣ биноҳои гуногуни айвондор сохта шуданд. Шоҳони ашконӣ шаҳрҳои зебое эъмор карда буданд, ки Тайсафун, Дура–Европос, Вологезия, Селевкия, Ошур, Шуш, Кӯҳи Хоҷа, Хатра ва Ансову Марви таҷдидшуда аз қабили онҳоянд. Аксари хонаҳо аз хишти хом сохта шуда мисли ҳозира ҳавлии дарун ва берун доштанд. Вазъи иҷтимоии давраи Ашкониён хеле гуногун буд: ғуломдорӣ сахт маъмул набуд, танҳо дар баъзе қисматҳои Бобулу Байнаннаҳр ба назар мерасид. Аҳолии асосиро деҳқонони озоди деҳот ташкил медоданд, вале бо мурури замон онҳо ба ашроф тобеъ гаштанд. Тибқи маълумоти ҳафриёти бостоншиносон боғдорӣ, токпарварӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ дар қаламрави Ашкониён ривоҷ ёфта буд. Ҳунармандӣ низ ба сатҳи хеле баланд расида, қолиҳои Ашкониён ва маснуоти филиззии Марғиён хеле шуҳратёр буданд. Аз ҳудуди давлатдории Ашкониён Роҳи бузурги абрешим мегузашт. Тоҷирони маҳал ба Рум пӯст, матоъ, оҳан ва бахусус абрешим мебурданд ва бо Хитой, Палмира, Миср, Фаластин низ робитаҳои тиҷоратӣ доштанд.

Дин[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар даврони салтанати Ашкониён дини ягонаи давлатӣ низ вуҷуд надошт. Мардум ба худоёни маҳаллӣ, юнонӣ, эронӣ, байнаннаҳрӣ, бобулӣ ва амсоли инҳо ибодат мекард. Дар вилоятҳои шарқӣ зардуштия нуфуз дошт. Мутобиқи баъзе маъхазҳо дар даврони ҳукмр. Вологези I як қисмати китоби аз тарафи Искандари Мақдунӣ сӯзондашудаи Авесто дар муҷалладе барқарор шуд. Мақоми зардуштия минбаъд барои дар давраи Сосониён ба дини давлатӣ табдил ёфтани он заминаи мусоид фароҳам овард.

Шаҷараи сулолаи Ашкониёнро маъхазҳо, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Луғатнома»-и Алиакбари Деҳхудо, «Парфяне»-и Малколм Коллеҷ бо тафовутҳои хеле бориз ба қалам додаанд.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Иванов М. С. Очерк истории ИранАшкониён М., 1952;
  • Кошеленко Г. Ашкониён Культура Парфии. М., 1966;
  • Гафуров Б. Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. М., 1972;
  • Фрай Р. Наследие ИранАшкониён М., 1972;
  • Ҳамон. Мероси Осиёи Марказӣ. Д., 2004;
  • Малькольм Колледж. Парфяне. Последователи пророка Заратусры. М., 2004;
  • Дьяконов М. М., Очерк истории древнего Ирана, М., 1961;
  • Массон М. Е., Народы и области южной части Туркменистана в составе парфянского государства, «Труды Южно-Туркменистанской археологической комплексной экспедиции», Аш., 1955, т. 5;
  • Бокщанин Ашкониён Г., Парфия и Рим, [ч. 1—2], М., 1960—66;
  • Дьяконов И. М., Лившиц В. Ашкониён, Документы из Нисы. 1 в. до н. э. Предварительные итоги работы, М., 1960;
  • Кошеленко Г. Ашкониён, Культура Парфии, М., 1966;
  • Кошеленко Г. Ашкониён, Некоторые вопросы истории ранней Парфии; «Вестник древней истории», 1968, № 1;
  • Debevoise N., A political history of Parthia, Chi., 1938;
  • Wolski J., L’historicité d’Arsace I, «Historia», 1959, Bd 8, № 2;
  • Ghirshman R., Persian art. The Parthian and Sassanian dynasties…, N. Y., [1962]: _Schlumberger D., L’orient hellénisé, P., 1970.
  • سیری در هنر ایران. از دوران بیش از تاربح تا ابمروز. ج.۱، تهران،۱۳۸۷. دانشنامۀ دانشگستر. ج۲. تهران، ۱۳۸۹

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]