Шоҳрӯд (соз)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тасвире аз сози мусиқии шоҳрӯд дар «Китобу-л-мусиқӣ-ал-кабир»- Форобӣ

Шоҳрӯд — сози қадимии мусиқиест, ки ба чанг монанд аст. Шоҳруд трапетсияшаклу росткунҷа аст. Сохти он: қутии резонаторист, ки аз болояш торҳои зиёде (сегона) кашида мешавад. Бино ба маълумоти маъхазҳои қадими шоҳруд асрҳои VIII—IX дар кӯҳистони назди Самарқанд (аз тарафи Абуҳафзи Суғдӣ) ихтироъ шуда, сипас дар Сурия, Миср ва Байнаннаҳрайн паҳн гардидааст (аз рӯи ахбори Абунасри Форобӣ) ки он барои навохтани мусиқии халқҳои гуногун хело мувофиқ будааст. Аз ин рӯ онро «Шоҳи рудҳо» номидаанд. Дар ибтидо шоҳруд ба шакли қуттии чоркунҷаи резонаторӣ буда, ба он торҳои бисёр кашида мешудааст. Ба гуфтаи Форобӣ баъдтар шоҳруд дар Арабистон номи қонунро гирифтааст. Дар он сарзамин ва Эрону Озорбойҷон ва Арманистон то ҳол бо ин ном машҳӯр аст. Шакли росткунҷаи шоҳрудро нузха номидаанд, ки аз чӯби шамшоду сарв месохтаанд ва зиёда аз сад тор доштааст. Аксар торҳои он сегона буда, торҳои ягона ҳам доштааст. Қонун ва нузха бо ангуштон (ба ангушт нохунак пӯшида) ё гоҳ мизроб навохта мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]