Шумораҳои тахминӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Шумораҳои тахминӣ бо такрори шумораҳои аслии гуногун ба вуҷуд омада,миқдори тахминии ашёро ифода мекунанд: панҷ-шаш қабат кӯрпача,даҳ-дувоздаҳ нафар мӯйсафед,понздаҳ-бист нафар ёру ҷӯра. Баъзан ашёи шумур низ такрор мешавад .Чунончи,як моҳ-ду моҳ, як шаб - ду шаб: Як шаб-ду шаб хоб карда, як-ду гӯсфандро хӯрда баргашт Ҷалол Икромӣ. Воситаҳои дигари ташкили шумораҳои тахминӣ адади яклухт ва ҷонишини чанд, калимаи як ва шумораи аслӣ аст: Дар вақти ба раисӣ интихоб кардани Ҳошим-корвон низ чунин шуд,аз сесаду чанд нафар иштироккунандагони маҷлис як понздаҳ кас ба муқобили вай даст бардоштанд Сотим Улуғзода.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 356с.