Jump to content

Шӯхии Хуҷандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шӯхии Хуҷандӣ

Шӯхии Хуҷандӣ (қарни XVIII) — шоири форс-тоҷик, писари Шайдои Хуҷандӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давраи наврасӣ ва таҳсили ибтидоиаш дар зодгоҳаш гузаштааси. Дар ҷавонӣ пас аз вафоти падар, барои такмили дониш ба Бухоро ва Хуҷанд рафтааст. Муддате дар дарбор хидмат кардааст.

Аз Шӯхии Хуҷандӣ девони ашъор боқӣ мондааст, ки дар он ғазалҳо, қасоид, рубоиёт, 2 маснавии хурд, 3 мухаммас ва қитаоти таърихӣ фароҳам омадаанд. Ғазалҳои зиёди Шӯхии Хуҷандӣ дар баёзҳо низ ба назар мерасанд.

Мавзуъҳои ғазалиёти Шӯхии Хуҷандӣ ишқу ошиқӣ, ҳасби ҳол, танқиду эътироз бар зидди замонаи номусоид, панду насиҳат, танқиди зоҳидони фиребгар ва ғайра мебошанд. Шӯхии Хуҷандӣ Дар ғазалҳояш дастгирӣ кардани мардуми ҷафодида, дустиву рафоқатро тарғиб кардааст. Аксар ғазалҳои Шӯхии Хуҷандӣ бо забони содаву равон суруда шудаанд. Шӯхии Хуҷандӣ зери таъсири Ҳофии Шерозӣ ва Бедил ғазал гуфтааст. Дар ғазалҳои ба пайравии Бедил сурудааш мавзуъҳои ирфонӣ ба назар мерасанд. Рубоиёти Шӯхии Хуҷандӣ соддаву равонанд.

Як рубоии Шӯхии Хуҷандӣ:

Онҳо, ки гули риёзи идрок шуданд.
Аз дасти фалак ғунчаи дилчок шудем,
Диданд ҷаҳон мақоми хуштабъони нест
Рафтанд ҳамон таҳи замин хок шуданд

Шӯхии Хуҷандӣ ба забони узбакӣ низ шеър гуфтааст. Нусхаи дастнависи девонаш дар ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АМИ Тоҷикистон маҳфуз аст.

  • Шӯхии Хуҷандӣ / Г. Неъматзода // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).