Jump to content

Эдвард Вилям Вест

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эдвард Вилям Вест
Таърихи таваллуд 1824[1][2][3]
Таърихи даргузашт 4 феврал 1905(1905-02-04)[4]
Алма-матер

Эдвард Вилям Вест (англ. Edward William West; 1824[1][2][3]4 феврал 1905[4]) — шарқшиноси инглис, тарҷумони осори адабиёти паҳлавӣ ба забони англисӣ, муҳаққиқи адабиёти паҳлавӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми таҳсил дар коллеҷи Лондон забонҳои урду, санскрит, форсӣ ва арабиро омӯхт. Солҳои 1844-66 дар Ҳиндустон муҳан-диси р. о. буд. Забони палиро омӯхт ва катибаҳои маъбадҳои будоиро рӯнавис карда, тарҷумаашонро ба забони англисӣ ба табъ мерасонд. Дар Ҳиндустон ба кеши зардуштӣ, китобҳои муқаддаси он, ба забони паҳлавӣ, тарҷумаву тафсири Авесто ба забони паҳлавӣ — «Занд» таваҷҷуҳ кард. Солҳои 1867-73 ба Аврупо баргашта, дар Муних (Мунхен) ҳамроҳи Мартин Ҳауг ба омӯзиш ва тарҷумаи осори паҳлавӣ ба забони англисӣ пардохт. (яке аз натиҷаҳои ин ҳамкорӣ нашр ва тарҷумаи «Ардавирафнома») мебошад (Haug M. and West E. W. The Book of Arda Viraf. Bombay-London, 1872). Пас аз сафари дигар ба Ҳиндустон (1875-76) ва бозгашт ба Аврупо В. дар ҳамкорӣ бо Макс Мюллер дар якчанд ҷилди силсилаи «The sacred books of the East» — «Китобҳои муқаддаси Шарқ» (ҷ-ҳои 5, 18, 24, 37, солҳои 1880, 1882, 1885, 1892) баъзе осори диниву ғайридинӣ ва андарзии паҳлавиро ба табъ расонд. Пажӯҳиши В. «Адабиёти паҳлавӣ» дар китоби «Бунёди филологияи Эрон» — «Grundriss der iranischen Philologie». II/2, Stutgart, 1896—1904 беҳтарин ва муътамадтарин эътироф гардидааст. В. феҳристи нусхаҳои хаттии Занду паҳлавии китобхонаи India-Office — Девони Ҳиндро мураттаб намудааст.

  1. 1.0 1.1 Swartz A. Open Library (ингл.) — 2007.
  2. 2.0 2.1 NUKAT — 2002.
  3. 3.0 3.1 Oxford Dictionary of National Biography (ингл.) / C. MatthewOxford: OUP, 2004.
  4. 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #117318302 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.