Экзема
Экзема | |
|---|---|
| Намунаи экземаи сабук | |
| МКБ-10 | L20.-L30. |
| МКБ-9 | 692 |
| OMIM | 603165 |
| DiseasesDB | 4113 |
| MedlinePlus | 000853 |
| eMedicine | Derm/38 Шаблон:EMedicine2 |
| MeSH | D004485 |
Экзема (аз юн.-қад. ἔκζεμα — ҷӯшиши пӯст, аз ἐκζέω — меҷӯшам) — бемории шадид ё музмини (ресидивистӣ) ғайрисироятии пӯст, ки бо илтиҳоби ҷиддии қабати сосочковии дерма ва спонгиози маҳдуди эпидермис тавсиф ёфта, дар шакли хориш ва хоришакҳои гуногуншакл пайдо мешавад.
Сабабҳои экзема
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба пайдоиши экзема омилҳои генетикӣ ва омилҳои гуногуни беруна (механикӣ, химиявӣ, ҳароратӣ ва ғайра) ва дохилӣ (бемориҳои ҷигар, гурда, рӯдаву меъда, системаи эндокринӣ ва асаб) мусоидат мекунанд. Азбаски сабабҳои пайдоиши он гуногунанд, экземаро бемории полиэтиологӣ меҳисобанд.
Дар патогенези экзема нақши асосиро тағйироти масуният (иммунитет) мебозанд. Муайян шудааст, ки дар беморони экзема норасоии Т-лимфоситҳо ва зиёдшавии В-лимфоситҳо мушоҳида мешавад. Инчунин, экзема метавонад дар натиҷаи осеби асабҳои канорӣ (экземаи посттравматикӣ) ба вуҷуд ояд.
Таснифоти экзема
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи хусусиятҳои клиникӣ намудҳои зерини экзема мавҷуданд:
- Экземаи ҳақиқӣ (идиопатикӣ): Бо сурхшавии шадиди илтиҳобӣ (эритема) оғоз ёфта, сипас обилачаҳои майда (везикула) пайдо мешаванд. Пас аз кафидани онҳо "чоҳҳои серозӣ" ба вуҷуд меоянд, ки аз онҳо моеъ ҷорӣ мешавад (экземаи тар).
- Экземаи микробӣ: Дар ҷойи илтиҳобҳои музмини бактериявӣ, атрофи захмҳо ва харошидаҳо инкишоф меёбад.
- Экземаи микотикӣ: Дар натиҷаи аксуламали аллергӣ ба сирояти замбӯруғӣ (микозҳо), аз ҷумла кандидоз ба вуҷуд меояд.
- Экземаи себорейӣ: Дар ҷойҳое, ки ғадудҳои чарб бисёранд (сар, гӯш, байни китфҳо) пайдо мешавад.
- Экземаи касбӣ: Дар натиҷаи таъсири омилҳои зарарноки истеҳсолӣ пайдо мешавад.
- Экземаи дисгидротикӣ: Маҳз дар кафи даст ва кафи по инкишоф меёбад.
Экзема дар кӯдакон
[вироиш | вироиши манбаъ]Экземаи кӯдакона бо шиддати баланди ҷудошавии моеъ (экссудат) фарқ мекунад. Он бештар дар кӯдаконе пайдо мешавад, ки волидайни онҳо ба аллергия (астмаи бронхиалӣ, ринити аллергӣ) майл доранд. Истифодаи ғизои сунъӣ ва осебпазирии масуният дар кӯдакон аз сабабҳои асосии ин беморӣ мебошанд.
Табобат ва пешгирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Табобат аз сабаб ва намуди экзема вобаста аст ва бояд аз ҷониби духтури дерматолог муайян карда шавад.
- Маводҳои доруворӣ: Истифодаи малҳамҳои кортикостероидӣ (масалан, гидрокортизон), доруҳои зидди хориш (антигистаминҳо) ва витаминҳо (B1, B6, C).
- Парҳез: Тавсия дода мешавад, ки истеъмоли маҳсулоти шӯр, тунд, консервҳо ва машрубот маҳдуд карда шавад. Истеъмоли меваву сабзавот ва гӯшти обпаз муфид аст.
- Гигиена: Истифодаи косметикаи махсус барои пӯсти хушк ва канорагирӣ аз маводҳои шустушӯии синтетикӣ муҳим аст.
Ҷусторҳои вобаста
[вироиш | вироиши манбаъ]