Эмил Верҳарн
Эмил Верҳарн | |
|---|---|
| | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд: | фр. Émile Adolphe Gustave Verhaeren |
| Таърихи таваллуд: | 21 май 1855[1][2][3][…] |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | 27 ноябр 1916[4][3][5][…] (61 сол) |
| Маҳалли даргузашт: | |
| Шаҳрвандӣ (табаият): | |
| Навъи фаъолият: | нависанда, шоир, намоишноманавис |
| Солҳои эҷод: | 1875[4] — 1916[4] |
| Забони осор: | фаронсавӣ[1][8] |
| Ҷоизаҳо: | |
| Имзо: |
|
Эми́л Верҳа́рн (ҳол. Emile Verhaeren; 21 май 1855[1][2][3][…], Sint-Amands[d], Province of Antwerp[d][6] — 27 ноябр 1916[4][3][5][…], Руон, Фаронса[7]) — шоир ва драматурги фаронсавизабони белжикӣ, яке аз поягузорони символизм.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Эмил Верҳарн дар як хонаводаи табақаи миёнаи фаронсавизабони фламандӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз кӯдакӣ, илова бар фаронсавӣ, ба лаҳҷаи фламандӣ низ суҳбат мекард, лаҳҷае, ки он замон дар мактабҳо таълим дода намешуд. Дар 11-солагӣ, Эмил барои таҳсил ба Гент фиристода шуд ва дар як мактаби шабонарӯзии иезуитӣ, ба як фаронсавизабони том иваз шуд. Сипас дар донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи Лувен таҳсил кард ва дар он ҷо ба ҳалқае аз нависандагон, ки поягузорони «Белгияи ҷавон» буданд (Эмил Ван Арнберг, Ивон Жилкен ва Албер Жиро ва дигарон[9]) наздик шуд. Ӯ аввалин мақолаҳои худро дар маҷаллаҳои донишҷӯӣ мунташир кард.
Пас аз фориғуттаҳсилӣ, муддате ба унвони вакил кор кард; ӯ ба салони ҳафтагии Эдмон Пиккар рафтуомад дошт, ҷое, ки нависандагон ва ҳунармандони авангарди ҷавон дар он ҷамъ мешуданд. Дар ниҳоят, пас аз баррасии танҳо ду парванда, Верҳарн тасмим гирифт комилан худро вақфи адабиёт кунад. Ӯ ашъор ва мақолаҳое дар мавриди ҳунар, аз ҷумла дар маҷаллаи Пиккар бо унвони «Ҳунари муосир», мунташир мекард ва аз ҳунармандони ҷавоне монанди Ҷ. Энсур ҳимоят мекард.
Дар соли 1883, аввалин маҷмӯаи шеъри худ ба номи «Фламандиҳо»-ро мунташир кард, ки бо илҳом аз осори Якоб Йорданс, Давид Тенийерси падар ва Ян Стейн суруда шуда буд. Ашъори аввалияи Верҳарн, ки зебоии ҳисси зани фламандиро месутуд ва гароиш ба табиатгароӣ дошт, бо истиқболи пуршӯри маҳофили авангард рӯбарӯ шуд, аммо дар зодгоҳаш ҷанҷол ба по кард; ҳатто падару модараш саъй карданд бо кӯмаки кашиши маҳаллӣ кул тиражро бихаранд ва нобуд кунанд.
Шикасти маҷмӯаи шеъри баъдии ӯ, «Роҳибон» (1886), ва мушкилоти саломатӣ, шоирро ба як буҳрони дарунии амиқ кашонид, ки натиҷаи он «Сегонаи трагик» буд: «Шабҳо» (1887), «Вайрониҳо» (1888) ва «Машъалҳои сиёҳ» (1890), ки дар онҳо Верҳарн барои аввалин бор ба таври ҷиддӣ ба намодгароӣ ва ирфон рӯй овард.
Дар 24 августи соли 1891, Верҳарн бо Марта Масен, наққоши обранги боистеъдоди аҳли Лиеж, издивоҷ кард. Сегонаи ошиқонаи «Соатҳои равшан» (1896), «Соатҳои баъдаззуҳр» (1905) ва «Соатҳои ғуруб» (1911) ба ӯ тақдим шудааст.
Пас аз маҷмӯаи «Мазореъ дар ҳазиён» (1893), «Шаҳрҳои ҳаштпоҳо» (1895) мунташир шуд, ки дар он Верҳарн ба шаҳргароӣ рӯй овард ва рустои дар ҳоли нобудиро дар баробари шаҳри ғулпайкари ҳамачизхор қарор дод.
Дар соли 1898, Верҳарн ба Сен-Клу мунтақил шуд ва барои суханронӣ ба Аврупо сафар кард. Дар авоили қарн, ин шоир ба шӯҳрати ҷаҳонӣ даст ёфт ва осораш ба беш аз 20 забон тарҷума шуд. Ӯ дар ноябр-декабри соли 1913 ба Русия сафар кард.
Бо оғози Ҷанги ҷаҳонии аввал, ки таъсири вайронгаре бар ӯ гузошт, шоир ба Бритониё рафт ва аз чандин донишгоҳ доктори ифтихорӣ дарёфт кард. Дар табъид, ӯ маҷмӯаи «Болҳои сурхи ҷанг»-ро дар бораи трагедияи Белгияи кӯчак, ки қурбонии мутаҷовиз шуда буд, мунташир кард.
Даргузашт ва хоксипорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шоир дар истгоҳи қатори Руан ҷон бохт: ҷамъият ӯро аз саккӯи ба зери чархҳои қатори дар ҳоли ҳаракат тела доданд.
Давлати Фаронса қасд дошт Верҳарнро дар Пантеон дафн кунад, аммо хонаводааш мухолифат карданд ва шоир дар гӯристони низомии Оденкерке (комун Де-Пан) ба хок супурда шуд. Дар авҷи ҷанг, ба далели хатари пешравии душман, бақоёи Верҳарн ба Вулверингем мунтақил шуд ва дар соли 1927 ба таври ниҳоӣ дар зодгоҳаш, Синт-Амантс, ба хок супурда шуд.
Некдошт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1955, осорхонаи устонии Эмил Верҳарн дар он ҷо фаъол аст.
Тасвири ӯ дар тамғаи почтаи Белгия дар соли 1955 нақш бастааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Emile Verhaeren (нидерл.)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 RKDartists (нидерл.)
- ↑ 5.0 5.1 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ 6.0 6.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118768085 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 7.0 7.1 Верхарн Эмиль // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ CONOR.Sl
- ↑ Gustave Charlier, "Arenbergh, Émile Van", Biographie Nationale de Belgique, vol. 29 Бойгонӣ шудааст 9 сентябри 2024 сол. (Brussels, 1956), 146-147.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони 21 май
- Зодагони соли 1855
- Даргузаштагони 27 ноябр
- Даргузаштагони соли 1916
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони Фаронса
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо