Эммонуил Муллоқандов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эммонуил Муллоқандов
Таърихи таваллуд: 2 июн 1912(1912-06-02)
Зодгоҳ: Самарқанд
Таърихи даргузашт: 18 август 1977(1977-08-18) (65 сол)
Навъи фаъолият: тарҷумон, нависанда

Эммонуил Муллоқандов (2 июни 1912, шаҳри Самарқанд — 18 августи 1977) —тарҷумон, нависандаи яҳудитабор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1957).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Эммонуил Муллоқандов 2 июни соли 1912 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе таҳсил (нопурра) кардааст. Аз соли 1930 мусаҳҳеҳ, баъдан тарҷумони рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», мудири шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст. Баъди таҳсил дар Маскав боз ба тарҷумонӣ пардохтааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, баъди ҷанг, аз соли 1945, тарҷумони адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», мудири шӯъбаи тарҷумаи нашриёти давлатӣ, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи таърихи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон будааст. Зиёда аз сӣ асари адибони дунёро ба тоҷикӣ гардондааст.

Муаллифи чанд мақолаи пурарзиш дар бораи забони тарҷума ва маҳорати баргардониш мебошад, ки дар маҷмӯаи мақолаҳои ӯ «Забон дар тӯли замон» (1985) ба табъ расидаанд.

Аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

18 августи соли 1977 аз олам даргузашт.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Каштанка»-и А. П. Чехов(1935)
  • «Дар талоши ҳаёт»-и Ҷ. Лондон (1936)
  • «Зодагони тӯфон»-и Н. Островский (1932)
  • «Онҳо барои Ватан меҷангиданд»-и М. А. Шолохов (1949)
  • «Ҳикояҳои Севастопол»-и Л. Н. Толстой (1952)
  • «Рӯзе мерасад»-и М. Иброҳимов (1954)
  • «Падарон ва фарзандон»-и И.Тургенев (1962)
  • «Хонум Бовари»-и Г. Флобер(1967)
  • «Таърихи як шаҳр»-и М. Салтиков-Щедрин (1974)
  • «Соати регӣ»-и В. Каверин(1975)… ва ғ. аз он ҷумлаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб», 2014. — С. 139 ISBN 978-99947-2-379-9