Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон) — асари дуҷилдаи донишномаӣ доир ба соҳаҳои кишоварзии Тоҷикистон[1].

Ҷилдҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷилди 1-и он соли 1989 дар СИЭСТ нашр шудааст, ки аз 576 саҳифа (бо 12 варақ тасвирот) иборат буда, мақолаҳои бо ҳарфҳои А — М (АБАЛАК — МУРҒ)-ро дар бар мегирад. Дар ин ҷилд 24 замима бо тасвироти ранга мавҷуд буда, матнҳо 785 аксу нақшаҳо доранд. Ҷилди дуввум (1991) аз мақолаҳои сароғоз бо ҳарфҳои М — Ҷ (МУРҒАК — ҶӮЯК) ва аз 608 саҳифа (бо 11 варақ тасвирот, 21 замимаи дорои тасвироти ранга) иборат буда, матнҳо 749 тасвир ва нақшаҳо доранд. Ҳар ду ҷилд дар маҷмӯъ беш аз 8 ҳазор мақоларо фаро гирифтааст.

Мундариҷа[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар донишномаи мазкур оид ба истилоҳот, ташкил, иқтисодиёт ва банақшагирии истеҳсолоти кишоварзӣ, рустанипарвариву обчакорӣ, деҳқониву чорводорӣ, зироаткорӣ, табиат ва муҳити зист маълумоти умумӣ ва аксу тасвирҳо дода шудаанд. Баъзе мақолаҳои донишнома доир ба ҳайвоноту набототи нодир, навъҳои меваву сабзавоти маҳаллӣ, қаҳрамонони Меҳнати Сосиалистӣ, олимони ватаниву хориҷие мебошанд, ки дар рушди илмҳои кишоварзӣ саҳм гузоштаанд. Як қисми мақолаҳо ба рушди минбаъдаи чорводорӣ, асосҳои илмии парвариши чорво, густариши зотпарварӣ, техникаи кишоварзӣ ва истифодаи он, таърихи деҳқониву чорводорӣ, тарзу усулҳои парвариши кулли зироатҳо бахшида шудаанд.

Муаллифон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар таълифи «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» олимону мутахассисони муассисаҳои илмии АИ ҶШС Тоҷикистон (Институти зоология ва паразитология, Институти ботаника), Комитети давлатии агросаноатии ҶШС Тоҷикистон (Институти чорводорӣ, Институти ветеринария ва зоогигиена, Институти хокшиносӣ, Институти зироат, Институти боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, Институти хоҷагии қишлоқ) ва кормандони редаксияҳои Хоҷагии қишлоқ, Назорати илмӣ, Тасвирот ва харита, шуъбаҳои Истеҳсолот, Комлектонӣ, Тасҳеҳоти СИЭСТ ширкат кардаанд. Ҳар ду ҷилди донишнома ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 10000-нусхагӣ дар Комбинати полиграфии Душанбе ба чоп расидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (Иборат аз 2 ҷилд). — Душанбе, 1989. — Ҷ. 1. — 576 с.
  • Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (Иборат аз 2 ҷилд). — Душанбе, 1991. — Ҷ. 2. — 608 с.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.