Эргашбой Муҳаммадиев
Эргашбой Муҳаммадиев | |
|---|---|
| Акс:Эргашбой Мирзоевич Муҳамадиев | |
| Таърихи таваллуд | 10 июл 1941 (84 сол) |
| Зодгоҳ | Ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | риёзиёт |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
| Унвонҳои илмӣ | профессор |
| Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Эргашбой Мирзоевич Муҳамадиев (зод. 10 августи 1941, деҳаи Саро, ноҳияи Ашт) — риёзидон, доктори илмҳои физика ва математика (1980), профессор (1985), узви Анҷумани риёзии Амрико (1992)[1], узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1993)[2], асосгузори мактаби илмӣ ва узви Академияи илмҳои табиии Федератсияи Русия (2011)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Эргашбой Муҳаммадиев 10 августи соли 1941 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1964). Аспирант, муаллими Донишгоҳи давлатии Воронеж (1964—1967), дотсенти факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Воронеж (1967—1973), дотсенти кафедраи анализи функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1973—1976), мудири шуъба (1976—1978), ҷонишини директор оид ба қисми илмӣ (1978—1990), и.в. директори Пажуҳишгоҳи математикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1990—1994), профессори кафедраи муодилаҳои дифференсиалии факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (1994—2002), профессори кафедраи математикаи олӣ, кафедраи системаҳо ва технологияҳои информатсионии Донишгоҳи давлатии Вологдаи Федератсияи Русия (аз с.2002).[3]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Силсилаи натиҷаҳои илмии Эргашбой Муҳаммадиев оид ба ҳалшавандагии муодилаҳои дифференсиалии даврӣ дар математикаи муосир асоси «Назарияи Фавар-Муҳаммадиев» гардидааст. Муаллифи зиёда аз 200 асари илмие мебошад, ки дар нашрияҳои илмии тақризшаванда, аз ҷумла дар пойгоҳҳои РИНЦ, Web of Science ва Scopus зуд-зуд иқтибос оварда мешаванд.
Аз соли 1980 то имрӯз ӯ ба се доктор ва 18 номзади илмҳои физика ва математика роҳбарӣ кардааст[1].
Иштирокдори чандин конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ (Воронеж, 1978; Маскав, 1980; Ленинград, 1985; Варшава, 1992; Тошканд, 1997; ИМА, 2000) мебошад.[4]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вычисление вращения некоторых классов векторных полей. — Воронеж, 1970;
- Основы численных методов. — Вологда, 2005 (соавтор);
- Гармоничные функции в пространствах непрерывных и ограниченных функции. — Вологда, 2008 (соавтор);
- Классический и регуляризованный операторы Пуассона. — Вологда, 2010 (соавтор);
- Метод регуляризации сдвигом. Теория и приложения. — Вологда, 2012 (соавтор).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 Мухамадиев Эргашбой. УИ ВоГУ.(пайванди дастнорас)
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ Кафедра информационных систем и технологий ВоГУ/Преподавательский состав кафедры
- ↑ Тавсифномаи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Современные проблемы математики и ее приложения. Материалы международной научной конференции, посвященной 70-летию профессора Э. Мухаммадиева. Душанбе, 28-30 июня 2011 г. — Д., 2011.
- Зодагони 10 июл
- Зодагони соли 1941
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ашт
- Докторони улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Риёзидонон аз рӯи алифбо
- Риёзидонони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрии байналмилалӣ аз Тоҷикистон