Эргаш Бадалов
Эргаш Турсунович Бадалов | |
Таърихи таваллуд | 20 август 1936 |
Зодгоҳ | ноҳияи Турсунзода , ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 10 феврал 2007 (70 сол) |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор | Институти илмӣ-таҳқиқотии ветеринарии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Алма-матер | Институти ветеринарии шаҳри Ленинград |
Эргаш Бадалов (Эргаш Турсунович Бадалов; 20 августи 1936, деҳаи Чукири ноҳияи Регар — 10 феврали 2007, Душанбе) — микробиолог, доктори илми ветеринарӣ (1996
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Институти ветеринарии шаҳри Ленинградро (ҳоло шаҳри Санкт-Петербург) соли 1959 хатм карда, дар Институти илмӣ-таҳқиқотии ветеринарии Тоҷикистон як умр фаъолият дошт. Вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ (1959—1965), ходими калони илмӣ (1966—1982), мудири лабораторияи паразитология (1983—1996), акаралогия (1997—2005), беҳдошти байториро (2006—2007) иҷро намудааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳқиқоташ асосан ба канаҳои касалигузарон (приоплазмидозҳо, тейлериози гов) ва роҳҳои маҳв намудани онҳо бахшида шудаанд. Тавсияю пешниҳодҳояш сари он дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ, хусусан водии Ҳисор амалӣ гардида, самар додаанд. Теъдоди таълифоташ ба 150 мерасад. Соҳиби 13 таклифи навоварӣ ва як шаҳодатномаи муаллифист.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Клещи — переносичики возбудителей тейлериоза крупного рогатого скота в Гиссарской долине Таджикистана и испытание на нихнекоторых акарицидов. -Д., 1967;
- Профилактика пироплазмидозов крупного рогатого скота. — Д., 1989;
- Научные основы оздоровления хозяйств от приоплазмидоздов крупного рогатого скота в Таджикистане. — Д., 1997;
- Биологические особенности иксодоидных клещей и меры борьбы с ними в Таджикистане. — Д., 1998.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 74
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бадалов Эргаш // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.