Jump to content

Эрик Асанбоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эрик Асанбоев
қаз.: Ерік Мағзұмұлы Асанбаев

Таваллуд 10 март 1936(1936-03-10)
Даргузашт 23 август 2004(2004-08-23) (68 сол)
Мадфан
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои иқтисодӣ[d]
Ҷоизаҳо
ордени «Нишони Фахрӣ» Order of Fatherland Order of the Leopard

Эрик Мағзумулӣ Асанбоев (19362004) — арбоби давлатии Қазоқистон, ягона ноиби президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар таърих (1991-1996)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

10 марти соли 1936 дар деҳаи Бойгабули (авули № 2) ноҳияи Амонгелдии вилояти Қустанай таваллуд шудааст. Аз қавми Сарҷетим аз қабилаи арғин мебошад[1].

Соли 1958 факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи Кировро хатм кард.

Солҳои 1960—1963 таҳсил дар аспирантураи Донишгоҳи молияи Маскав.

Доктори илмҳои иқтисодӣ.

Солҳои 1959-1967 дар Маскав ва Алмаато дар кори омӯзгорӣ ва илмӣ кор кардааст.

Дар соли 1963 мудири шуъбаи баплангирии молиявӣ ва баланси байнисоҳавии Институти тадқиқоти илмии иктисодии назди Госплани РСС Қазоқистон шуд.

Аз соли 1967 то соли 1986 дар дастгоҳи Шӯрои Вазирони ҶШС Қазоқистон ва КМ Ҳизби Коммунистии Қазоқистон кор кардааст.

Солҳои 1986—1988 — мудири шуъбаи КМ Ҳизби Коммунистии Қазоқистон.

Солҳои 1988—1989 — ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Қазоқистон.

Солҳои 1989-1990 котиби КМ Ҳизби коммунисти Қазоқистон ва узви Бюрои сиёсии КМ Ҳизби коммунисти Қазоқистон буд.

Аз моҳи апрели соли 1990 то октябри соли 1991 раиси Шӯрои Олии ҶШС Қазоқистон буд.

Дар солхои 1990—1991 аъзои КМ КПСС. Вакили халқи СССР соли 1991.

Моҳҳои октябр-декабри соли 1991 ноиби президенти ҶШС Қазоқистон буд[2].

Аз декабри соли 1991 то феврали соли 1996 ноиби президенти Ҷумҳурии Қазоқистон буд.

17 июни соли 1993 узви Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон таъин шуд

Аз феврали соли 1996 то июли соли 2000 — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Олмон.

23 августи 2004 — вафот кард[3].

Лавҳаи ёдгорӣ ба хонае, ки Эрик Асанбой истиқомат мекард

24 августи соли 2004 дар Алмаато дар Театри давлатии академии драмавии Қазоқистон ба номи Ауэзов маросими дафни шаҳрвандӣ баргузор гардид.[3]

  1. Текті де, терең тұлға(англ.). qazaquni.kz | Қазақ Үні газетінің ресми сайты | Қазақстан жаңалықтары(пайванди дастнорас — таърих). 17 сентябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 сентябри 2021.
  2. «С. Терещенко — новый премьер-министр Казахстана» Бойгонӣ шудааст 25 марти 2017  сол. // «Известия», 17 октября 1991 г.
  3. 3.0 3.1 Скончался бывший вице-президент Казахстана Ерик Асанбаев(пайванди дастнорас — таърих). 4 марти 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2015.