Jump to content

Эрони Қоҷорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эрони Қоҷорӣ
1785 — 1925


Дирафш Нишон
Гимн[d]
Пойтахт Теҳрон
Забон(ҳо) форсӣ ва озарбойҷонӣ[1]
Воҳиди пул тумон[d] ва қирон[d]
Шакли ҳукмронӣ подшоҳии мутлақ[d] ва подшоҳии машрута

Эрони Қоҷорӣ (форсӣ: ایران قاجاری‎) — номе мустаор аст, ки ишора ба даврае 130-сола аз таърихи Эрон миёни солҳои 1784—1925[2][3] ва таҳти султаи дудмони Қоҷор дорад. Номҳои расмии Эрон дар ин давра Давлати ъалияи Эрон (форсӣ: دولت علیّه ایرانDowlat-e Âliyye-ye Irân) ва Мамолики маҳрусаи Эрон (форсӣ: ممالک محروسه ایرانMamâlek-e Mahruse-ye Irân[4]) буд ва дар ҷаҳони Ғарб монанди давраҳои пешин аз Эрон ба унвони Порс ёд мешуд.

Бунёнгузори Эрони Қоҷорӣ, Оқомуҳаммадхони Қоҷор аст. Ӯ пас аз фатҳи Қафқоз ва саркӯби куллияи умаро ва ҳуккоми дохилӣ дар Теҳрон мустақар шуд ва онро пойтахт номид. Ошноӣ бо тамаддуни Ғарб ва муоҳидаҳои муҳимм мӯҷиби оғози инқилоб имашрута шуд. Баъд аз инқилоби машрута, ки дар замони Музаффаруддиншоҳ анҷом шуд, Муҳаммадалишоҳ подшоҳи баъдӣ, бо он мухолифат кард ва маҷлисро ба тӯп баст. Кашмакашҳои дохилию хориҷи мӯҷиби нооромӣ дар мамликат шуд ва охирини подшоҳи Қоҷор, Аҳмадшоҳи Қоҷор буд, ки дар соли 1925 барканор шуд ва Ризо Паҳлавӣ шоҳи Эрон шуд.

  1. http://www.iranicaonline.org/articles/azerbaijan-x
  2. Abbas Amanat. The Pivot of the Universe: Nasir Al-Din Shah Qajar and the Iranian Monarchy, 1831—1896, I. B. Tauris, pp 2—3; «In the 126 years between the fall of the Safavid state in 1722 and the accession of Nasir al-Din Shah, the Qajars evolved from a shepherd-warrior tribe with strongholds in northern Iran into a Persian dynasty.»
  3. Choueiri, Youssef M. A companion to the history of the Middle East. — Blackwell Ltd., 2005, pp. 231, 516.
  4. Melville, 2012, с. 358,361.