Этикаи тиббӣ
Этикаи тиббӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Этикаи тиббӣ (деонтологияи тиббӣ) — фанни фасли Этикаи амалӣ, ки ахлоқи тиббӣ, қоидаҳо ва меъёрҳои ҳамкории табиб бо ҳамкорон ва беморро меомӯзад[1]. Чунин ҳисоб карда мешавад, ки принсипҳои асосии этикаи тиббиро Гиппократ (Савганди Гиппократ) таҳия кардааст. Он қисми этика, ки мавзӯи он таълимот дар бораи вазифа ва масъулияти инсон дар назди инсони дигар ва ҷомеа мебошад, деонтология номида мешавад. Деонтологияи тиббӣ таълимот дар бораи рафтори лозимии кормандони тиб мебошад, ки барои сохтани шароити мусоидтарин барои шифоёбии бемор мусоидат мекунад. Барои иваз кардани мафҳуми «этикаи духтурӣ», ҷарроҳ-онколог Н. Н. Петров соли 1944 истилоҳи «деонтологияи тиббӣ»-ро (юн.-қад. δέον — лозима, воҷиб; λόγος — таълимот) ба илм ворид кард ва принсипҳои онро ба фаъолияти ҳамшираҳои шафқат низ паҳн намуд[2].
Ҳамин тариқ, асоси назариявии деонтология этикаи тиббӣ мебошад, деонтология бошад истифодаи амалии принсипҳои тиббию ахлоқӣ дар рафтори кормандони тиб мебошад. Мавзӯи тадқиқоти деонтология нисбат ба этика васеътар аст, зеро дар баробари омӯзиши ахлоқ, ба танзими муносибатҳои табиб бо ҷомеа (давлат), бо беморон ва хешовандони онҳо, бо дигар табибон ва кормандони тиб машғул аст[3].
Деонтологияи тиббӣ масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
- риояи сирри тиббӣ;
- масъулият барои ҳаёт ва саломатии беморон;
- муносибатҳо дар ҷомеаи тиббӣ;
- муносибатҳои табиб бо беморон ва хешовандони онҳо;
- қоидаҳо оид ба робитаҳои маҳрамонаи байни табиб ва бемор.
Саволҳои асосии деонтологияи тиббӣ — ин эвтаназия, инчунин марги ногузири бемор мебошанд.
Ятрогения
[вироиш | вироиши манбаъ]Ятрогения — ин беморӣ ё аксуламали психогенӣ мебошад, ки дар натиҷаи амали нодурусти корманди тиб ба вуҷуд омадааст. Принсипи асосии этикӣ дар тиб принсипи «зарар нарасон» (Primum non nocere) мебошад. Хавфе, ки мудохилаи тиббиро ҳамроҳӣ мекунад, набояд аз фоидаи чашмдошт зиёд бошад. Ятрогенияи психогенӣ метавонад аз суҳбати аз ҳад зиёд ошкоро бо бемор ё хешовандони ӯ, ки тавсифи нолозими мушкилоти эҳтимолӣ ё пешгӯии номусоидро дар бар мегирад, сар занад.
Хабар додан дар бораи пешгӯии номусоид
Чунин ҳисоб карда мешавад, ки ба бемори болиғ ва қобили амал ҳангоми хоҳиши ӯ метавон ҳар гуна ташхис ва пешгӯиро (прогноз) бо шакли мулоим хабар дод. Ба кӯдакон ташхиси бемории вазнин ва пешгӯии номусоидро хабар намедиҳанд, аммо волидони онҳо бояд маълумоти пурра гиранд. Ҳангоми бемориҳои табобатнашаванда табибони пуртаҷриба тавсия медиҳанд, ки дар бораи пешгӯии беморӣ бо эҳтиёт ва бидуни аз байн бурдани умед маълумот дода шавад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Петленко В. П., Шамов И. А. Мудрость взаимности. — Л.: Лениздат, 1989. — ISBN 5-289-00372-X.
- ↑ [dic.academic.ru/dic.nsf/enc_medicine/10346/Деонтология Деонтология медицинская] // Медицинская энциклопедия
- ↑ [[1](http://www.niioncologii.ru/?page_id=16) Краткая биография Н. Н. Петрова]. сайт НИИ онкологии им. Н. Н. Петрова.
- ↑ В. А. Скумин [[2](http://biblmdkz.ru/ms84.html) Деонтология в работе медицинской сестры детской больницы] // Медицинская сестра : журнал. —
, 1984. — № 2. — С. 56—59. — PMID 6561382.(пайванди дастнорас){{{1}}}