Эухенио Силер
англ. Eugenio Siller | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Eugenio Siller Margain |
Таърихи таваллуд: | 5 апрел 1981 (43 сол) |
Зодгоҳ: | Тампико, Тамаулипас, Мексика |
Шаҳрвандӣ: | Мексика |
Касб: |
ҳунарпеша сароянда мудел |
Корнома: | 1998-то ҳол |
IMDb: | ID 2288366 |
eugeniosillerofficial.com |
Эухенио Силер Маргаин (Eugenio Siller Margain; тав. 5 апрел 1981, Тампико, Тамаулипас, Мексика) — ҳунарпеша, сароянда ва мудели мексикӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Эухенио Силер бародари актёр ва овозхон Эдмундо Силер аст.
Ӯ фаъолияти ҳунарии худро аз таҳияи рекламаҳои гуногун, ширкат дар мазҳакаҳои мусиқӣ ва бозӣ дар намоишномаҳо дар Мексика оғоз кардааст.
Вай инчунин аз соли 1998 узви гурӯҳи мусиқии "Klishé" буд. Ӯ дар ҷашнвораи OTI ширкат карда, аз ду албоми сабт намудааш чанд ҷоиза гирифтааст. Соли 1999 гурӯҳ аз ҷониби El Heraldo de México ҳамчун гурӯҳи ҷавонони пешрафти сол эътироф карда шуд. Аввалин албоми гурӯҳи "Klishé" Con devoción ва сабти дуввуми ӯ "Amor violento" ном дошт.
Силер дар Итолиё зиндагӣ мекард ва дар он ҷо бо брендҳои маъруфи мӯд кор мекард вм дар Майамӣ омодагии актёрӣ ва овозхониашро идома медод ва дар ниҳоят соли 2002 ба Мексика баргашт, то дар CEA (Маркази таҳсилоти бадеии Televisa) дарсҳои ҳунариро оиӯзад, ки онро соли 2005 хатм кардааст.
Ӯ дар Лос-Анҷелеси Калифорния зиндагӣ мекунад[1].
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2006, ӯ ҳамчун Лучано дар операи собунии Rebel баромад кард, сипас дар Código postal дар нақши Рафаэли ҷавони нобино кор кард ва соли 2007 аввалин нақши асосии худро дар Al Diablo con los guapos бозӣ карда, бо Эллисон Лосс ҷуфт буданд.
Соли 2009 ӯ бо Майте Перронӣ дар теленовеллаи «Гуноҳи ман» (Mi pecado), нақш бозидааст. Соли дигар, ӯ аввалин бор дар Telemundo ҳамчун қаҳрамони асосии дар "Аврора" баромад карда, дар баробари Соро Малдонадо, Хорхе Луис Пила, Ванесса Позе ва дигарон нақши Мартин Лобосро бозӣ кард.
Нақши навбатии ӯ соли 2011 бо Литсӣ "Una maid en Manhatta" буд. Соли 2014 ӯ дар теленовелаи Reina de corazones бо Паола Нунес нақш бозид.
Соли 2015 ӯ дар операи собунии "Quién es quién?", версияи Amores de mercado нақш бозидааст, ки дар он дугоникҳо Леонардо Фуэнтемайор ва Педро (Перико) Пересро дар якҷоягӣ бо Данна Паола ва Кимберлӣ Дос Рамос мебозанд.
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
2017 | Blind Trust | Ҷон О'Доннелл | The Georgia Latino Film Festival барои Беҳтарин ҳунарпеша[2] |
2019 | Tod@s caen | Эстебан | |
2019 | Super Bomberos | Меча | |
2019 | Jesús de Nazaret | Хуан |
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
2006 | Rebelde | Лусиано | |
2006–2007 | Código postal | Рафаэл Рохас Алонсо | 200 қисм |
2007–2008 | Al diablo con los guapos | Аоехандро Белмонте Аранго | Нақши марказӣ; 175 қисм |
2009 | Mi pecado | Хулиан Хуерто Алдама | Нақши марказӣ; 106 қисм |
2010 | Aurora (Фор. Уруро) | Мартин Лобос | Нақши марказӣ; 135 қисм |
2011–2012 | Una Maid en Manhattan | Кристобал Паркер | Нақши марказӣ; 168 қисм |
2014 | Reina de corazones | Николас Нунез/ Хавиер Боливар | Нақши марказӣ; 140 қисм |
2015–2016 | ¿Quién es quién? | Леонардо / Педро Перез Гонсалес "Перико" | Нақши марказӣ; 120 қисм |
2016 | Noches con Platanito | Худаш | Қисмати: "Eugenio Siller/Lisset/Adam Aadlerks/Araceli Adame/Alfredo Olivas" |
2021 | ¿Quién mató a Sara? | Хосе Мария Ласкано | Нақши асосӣ |
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2011: Рӯзномаи People en Español ӯро яке аз "Los 50 más bellos"(50 беҳтарин шахсони зебо) ном гирифт.[3]
- 2009: Рӯзномаи People en Español ӯро яке аз "Los 25 hombres más guapos" (25 беҳтарин мардони зебо) ном гирифт.
Сол | Номинатсия | Филм | Натиҷа |
---|---|---|---|
2009 | Беҳтарин ҳунарпешаи ҷавон | Al diablo con los guapos | Номзадӣ |
Сол | Номинатсия | Филм | Натиҷа |
---|---|---|---|
2015 | Беҳтарин ҳунарпеша | Reina de corazones | Номзад |
2016 | Ҷуфти идеалӣ | ¿Quién es quién? бо Данна Паола | Ғолиб[4] |
Сол | Номинатсия | Филм | Натиҷа |
---|---|---|---|
2012 | Беҳтарин ҷуфт(бо Литсӣ | Una Maid en Manhattan | Номзад |
Беҳтарин ҳунарпеша | Ғолиб | ||
2011 | Беҳтарин ҳунарпеша | Уруро | Ғолиб |
2010 | Беҳтарин ҷуфт (бо Майте Перронӣ) | Mi pecado | Номзад |
Беҳтарин нақши мардона/ҳунарпешазани ҷавон | Ғолиб | ||
Беҳтарин нақши мардона | Номзад |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Pregnancy, Parenting, Lifestyle, Beauty: Tips & Advice | MamasLatinas.com.
- ↑ GEORGIA LATINO FILM FESTIVAL ANNOUNCES JURY AWARDS WINNERS AND RECAP. "UMA" AND "BLIND TRUST" BIG WINNERS. georgialatinofilmfestival.org. 19 апрели 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 июни 2020.
- ↑ People en español "Eugenio Siller uno de los 50 más bellos" Бойгонӣ шудааст 2 май 2011 сол. - actualizado abril 2011
- ↑ Premios Tu Mundo 2016: Lista de Nominados y Ganadores
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 5 апрел
- Зодагони соли 1981
- Зодагони Тампико
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешамардони синамои Мексика
- Ҳунарпешамардони телевизиони Мексика
- Ҳунарпешамардони Испанӣ ва Амрикои Лотинӣ
- Ҳунарпешаҳои мард асри XX
- Ҳунарпешаҳои мард асри XXI
- Сарояндаҳо аз рӯи алифбо
- Сарояндаҳои Мексика
- Сарояндаҳои асри XXI
- Муделҳои Мексика