Jump to content

Эшбурӣ Эсанқулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эшбурӣ Эсанқулов
Таърихи таваллуд 10 октябр 1951(1951-10-10) (73 сол)

Эсанқулов Эшбурӣ Турахонович (10 октябри 1951, ноҳияи Колхозобод) — ходими давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Эсанқулов Эшбурӣ Турахонович 10 октябри соли 1951 дар ноҳияи Колхозобод таваллуд шудааст. Соли 1972 факултаи иқтисодиии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1972—1974 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати афсарӣ хидмат намудааст. Солҳои 1974—1975 дар вазифаҳои инструктори Кумитаи Комсомоли ноҳияи Колхозобод (Ҷалолиддини Балхӣ), солҳои 1975—1979 инспектори назорати халқии ноҳия, солҳои 1979—1980 инструктори комитети партиявӣ дар ноҳия, солҳои 1980—1986 котиби озоди парткоми хоҷагии Қизил-Октябр (Т. Исанқулов), солҳои 1986—1999 раиси хоҷагии ба номи Т. Исанқулови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, солҳои 1999—2006 раиси ноҳияи Шаҳритӯс, солҳои 2007—2009 раиси ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 2009—2010 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон кор кардааст.

Солҳои 1990—1995 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва солҳои 2010—2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, солҳои 2000—2005 ва солҳои 2005-2010бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият кардааст. ИштирокчииИҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1992 (ҳамчун депутат).

Дорандаи Ордени Дӯстӣ, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои давлатии Иттифоқи Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соҳиби 8 фарзанд ва 16 набера мебошад. Фарзандонаш дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла идоракунии давлатӣ, мақомоти қонунгузор, кишоварзӣ кор мекунанд[1].

МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН