Эъдом
Эъдом, Ҳукми қатл — яке аз навъҳои қадимтарини ҷазо мебошад, ки дар ҷараёни татбиқи Қонуни ҷазо (талион) — аз тарафи одам кушта шудани одами дигар, ҷазои қатл раво аст, ба вуҷуд омадааст. Ба ғайр аз ин, қоидаи қасоси хунрезӣ, ки дар бисьёр ҷомеаҳо ҷой дорад, низ нақши калон бозид.
Дар аксар аз ҷомеаҳои муосир, эъдом, ҳукми қатл, бекор карда шудааст. Баъзе кишварҳо ҳукми қатлро бекор кардаанд, ба истиснои ҳолатҳои махсус, ба монанди хиёнат ба давлат ҳангоми амалиёти ҷанг. Дар дигар кишварҳо ҳукми қатл дар амал бекор карда шудааст, аммо аз нигоҳи қонун он то ҳол ҷазои олӣ боқӣ мемонад. Давлатҳо, аз қабили Чин, Иёлоти Муттаҳида ва дигарон ҳукми қатлро барои ҷиноятҳое, ки махсусан қонун муайян кардааст, нигоҳ доштаанд.
Бархе созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз қабили «Amnesty International», ҳукми қатлро бадтарин шакли нақзи ҳуқуқи башар медонанд ва онро бераҳмона ва ғайриинсонӣ тавсиф мекунанд. Онҳо ҳукми қатлро нақзи дағалонаи ҳуқуқ ба зиндагӣ мешуморанд, ки дар бисёре аз шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.[1]
Дар кишварҳое, ки ҷазои қатлро истифода мебаранд, усули иҷрои онро қонун муайян мекунад. Одатан, намудҳои маъмултарини ҷазои қатл — овезон намудан, паррондан ва буридани сар мебошанд. Дар Иёлоти Муттаҳида қатли ҷинояткор ба воситаи курсии барқӣ ва сӯзандоруи марговар низ аз асри 20 хеле маъмул шудааст.
Муносибат ба ҳукми қатл дар бисёр ҷомеаҳо якдилона нест — дар он ҷое, ки он амалй мегардад, ҳаракат барои барҳам додани он вусъат меёбад; дар мамлакатҳое, ки вай барҳам дода шудааст, шумораи муайяни тарафдорони барқарор намудани он ҳастанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷазои қатл — ҳамчун намуди ҷазо дар банди «к» м. 47 ва м. 59 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Мувофиқи м. 59 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷазои қатл дар шакли паррондан ҳамчун чораи истиснои танҳо барои ҷиноятҳои зерин муқаррар карда мешавад: одамкушӣ (қ. 2 м. 104), таҷовуз ба номус (қ. 3 м. 138), терроризм (қ. 4 м. 179).
Ҷазои қатл ба занон ё ашхоси то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир намуда таъйин карда намешавад.
Ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо мумкин асn ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бисту панҷ сол иваз карда шавад.
Ҷазои қатл танҳо ба сифати ҷазои асосӣ дар ҳолатҳои дар санксияи моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинишуда таъйин гардиданаш мумкин асг. Тартиби иҷрои ҷазои қатл дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.[2]
Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷазои қатл дар кишварҳои алоҳидаи дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати якумрӣ иваз карда шудааст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Смертная казнь (рос.). 24 июни 2016 санҷида шуд.
- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 548
| Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |