Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар
Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар — як паймони байналмилалӣ аст, ки дар Анҷумани умумии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 10 декабри соли 1948 дар Порис ба тасвиб расидааст. Ин эъломия дастоварди мустақими Ҷанги ҷаҳонии дувум буда ва барои нахустин бор ҳуқуқеро, ки тамоми инсонҳо сазовори он ҳастанд, ба сурати ҷаҳонӣ баён медорад, дар натиҷа ҳуқуқи башар ба ҳуқуқе гуфта мешавад, ки ҳамагон дар ҳамаи замонҳо ва маконҳо аз он бархурдоранд. Матни комили ин баёния бар рӯи вебгоҳи Созмони Милали Муттаҳид мунташир шудааст.[8] Эъломия шомили 30 модда аст, ки ба тавзеҳи дидгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҳуқуқи ҳамаи инсонҳо мепардозад.
Тибқи «Китоби рекордҳои Гиннес», Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар паҳншудатарин санад дар ҷаҳон аст, ки аз лиҳози тарҷума ба забонҳои дунё дар ҷои аввал қарор дорад. Ҳарчанд бархе онро танқид мекунанд, ки ҳаққи саркашӣ аз ширкат дар ҷангро қойил нест. Яке аз инқилобиёни фаронсавӣ гуфтааст, ҳуқуқи ман то ҷое паҳн мешавад, ки ба ҳуқуқи дигарон осеб наорад. Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар гӯё ин фикрро идома дод: ҳуқуқи дигарон низ то марзе мерасад, ки ҳуқуқи шуморо маҳдуд накунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://wolnelektury.pl/katalog/lektura/deklaracja-praw-czlowieka/
- ↑ https://research.un.org/en/undhr/draftingcommittee
- ↑ https://www.ohchr.org/en/press-releases/2018/11/universal-declaration-human-rights-70-30-articles-30-articles-article-6
- ↑ https://en.wikisource.org./wiki/Universal_Declaration_of_Human_Rights#Article_23
- ↑ Pillay N. Right to health and the Universal Declaration of Human Rights (ингл.) // Lancet / R. Horton — Elsevier, 2008. — Vol. 372, Iss. 9655. — P. 2005—2006. — ISSN 0140-6736; 1474-547X — doi:10.1016/S0140-6736(08)61783-3 — PMID:19097276
- ↑ https://research.un.org/en/udhr75/28-29
- ↑ VW S. The Right to a Just and Peaceful Social and International Order (ингл.) // Health Hum. Rights / P. Farmer — Harvard University Press, 1998. — Vol. 3, Iss. 2. — P. 110—125. — ISSN 1079-0969; 2150-4113 — PMID:10343297
- ↑ Universal Declaration of Human Rights(англ.). United Nations. 11 сентябри 2025 санҷида шуд.