Эҳром

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳоҷӣ дар эҳром

Эҳром (ар. إحرام‎) — рукни аввали ҳаҷ ва умра, пӯшидани порчаи сафеди нодӯхта дар вақти маросими ҳаҷ.

Кайфияти эҳром[вироиш | вироиши манбаъ]

Эҳром барои ҳарду ибодат — ҳаҷ ва умра як хел аст. Шахси ҳаҷгузор ҳамин ки ба яке аз миқотҳо расид, бо нияти анҷом додани ҳаҷ ва ё умра вузӯ ва ғусл менамояд ва ду порча либоси нодӯхтаи эҳромро мепӯшад. Он гоҳ ду ракъат намоз мегузорад ва бо ҳамин муҳрим мегардад. Яъне бо ҳамин расму тартибот ва аъмоли бастани эҳром комилан ба ҷо меоянд.

Ҳангоми бастани эҳром бо дилаш анҷоми ҳаҷ ва ё умраро ният мекунад ва бар хилофи дигар ибодатҳо дар ин ҷо суннат аст, ки нияташро ба таври ошкор ва бо садои баланд изҳор намояд. Изҳори он чӣ тавре бо гуфтани талбия сурат мегирад, бо ифодаи ният ва ё бо дуъои тайсир ва қабули он аз сӯи Худованд низ ба ҷой меояд. Ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) барои умра ва ҳаҷ якҷоя эҳром баста, мегуфт:

لبَّيك عمرةً وحجًّا، لبَّيك عمرةً وحجًّا

«Лаббайк бо умра ва ҳаҷ, лаббайк бо умра ва ҳаҷ»[1].

Дар ҳолати бастани эҳром ва ё пештар аз он хуб аст як силсила омодагиҳоеро ба тартиби зер ба ҷо оварад:

  • Нохунҳояшро бигирад, мӯйҳои зери ноф ва зери бағалашро тоза намояд ва мӯйлабҳояшро низ кӯтоҳ кунад. Зеро пас аз бастани эҳром то замони ҳалол ва аз эҳром берун гаштан анҷоми ин амалҳо мамнӯъ мебошанд. Дар вақти бастани эҳром, агар бихоҳад, бар худ хушбӯӣ ва атр занад, зеро ин кор низ то поёни эҳром ҷоиз нест.
  • Либосҳои эҳром беҳтар аст, ки сафед бошанд ва ё моил ба сафедӣ. Қисме аз амалҳои боло суннат ва қисме мустаҳаб мебошанд. Ғусл кардан, хушбӯӣ задан ва омодагиҳои пеш аз эҳромро анҷом додан мустаҳаб аст.
  • Ҳамин ки тартиботи бастани эҳромро ба ҷо овард, фавран нияти худро муайян созад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Саҳеҳи Муслим, 3018, 3019 (1251)-214, 215.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • А. Боқизода. Ҳаҷ: таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми он. — Душанбе, 2013. — 272 с.