Jump to content

ЮНЕСКО

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
ЮНЕСКО
Маркази маъмурӣ
Нишонӣ 7, place de Fontenoy 75007 Paris
Намуди созмон specialized agency of the United Nations[d], созмони байналмилалӣ[d] ва созмони байнидавлатии байналмилаллӣ[d]
Официальные языки инглисӣ, испониёӣ, фаронсавӣ, русӣ, арабӣ ва Забони чинӣ
Санаи таъсис 16 ноябр 1945
Материнская организация Созмони Милали Муттаҳид
Ҷоизаҳо
Веб-сайт en.unesco.org(англ.)
fr.unesco.org(фр.)
es.unesco.org(исп.)
ru.unesco.org(рус.)
ar.unesco.org(ар.)
zh.unesco.org(чинӣ)
 Парвандаҳо дар Викианбор

шаҳри Порис Фаронса

ЮНЕСКО (англ. UNESCO), Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали МуттаҳидИдораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (англ.  United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization[1]) — як созмони тахассусии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ҳадафи кумак ба «эҷоди сулҳ, решакан кардани фақр, тавсеъаи пойдор ва гуфтугӯи байнифарҳангӣ аз тариқи омӯзиш, улум, фарҳанг, иртиботот ва иттилоот» ба вуҷуд омадааст[2][3] ва ҷонишини Кумитаи байнулмилалии ҳамкории андешамандонаи Ҷомеъаи Милал аст[4].

Низомномаи ЮНЕСКО 16 ноябри соли 1945 дар Конфронси Лондон қабул карда шудааст. Он фаъолияти худро баъд аз ба нигоҳдорӣ супоридани санадҳо аз тарафи 20 давлат, ноябри соли 1946 оғоз намуд. Дар айни замон аъзои ин ташкилот аз 193 давлат иборат аст. ЮНЕСКО — ташкилотест, ки дар низомаи Созмони Милали Муттаҳид дарҷ гардида, барои кори сулҳ ва паст кардани ҳолатҳои муноқишавӣ ҳамкориро байни халқҳо бо воситаи илм, маориф ва фарҳанг пеш мебарад. Сардафтари ЮНЕСКО аз 5 ноябри соли 1958 дар шаҳри Порис (Фаронса) ҷойгир шудааст. Дар уҳдаи он 67 бюро ва зерсохтор, ки дар бисёр қисми ҷаҳони ҷойгир шудааст, вуҷуд дорад. Бо мақсади ҷорӣ намудани ҳадафи худ ЮНЕСКО 5 вазифаи асосиро иҷро менамояд, аз ҷумла:

  • озмоишгоҳи ақидаҳо
  • коркарди меъёрҳои байналмилалӣ
  • манбаи ахборотӣ
  • баланд бардоштани иқтидори кадрии давлатҳои аъзо
  • ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ

Ҳайати ЮНЕСКО аз се қисм иборат аст:

  1. Конференсияи Генералии давлатҳои аъзо, ки мақомоти олии идоракунандаи ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад ва одатан дар ду сол як маротиба ҷамъ мешаванд. Мувофиқи қоидаи Конференсияи Генералӣ ҳар як давлатҳои аъзо соҳиби як овоз мебошанд, барнома ва буҷаи ташкилотро Конференсияи Генералӣ тасдиқ менамояд.
  2. Шӯрои иҷрокунанда дар ҳайати худ 58 намояндаи давлатҳои аъзоро дорад, ки ҷаласаи онҳо дар як сол ду маротиба баргузор мегардад. Он ба сифати мақомоти маъмурӣ баромад карда ҷиҳати тайёрии кори Конфронсияи Генералӣ фаъолият менамояд.
  3. Котибот мақомоти иҷрокунандаи ташкилот ба ҳисоб меравад. Бо роҳбарии Дабири Кулл, ки ба мўҳлати 6-сол интихоб мешавад, котибот баҳри татбиқи барномаҳое, ки аз тарафи давлатҳои аъзо қабул карда шудааст машғул мебошад. Даҳумин Дабири Кулли ЮНЕСКО дар таърихи Созмон ин Ирина Бокова мебошад, ки моҳи октябри соли 2009 ба ин вазифа интихоб карда шуд.[5]

Кишварҳои узви ЮНЕСКО

[вироиш | вироиши манбаъ]
Кишвар Пазируфтан МҶ ЗЗ ҲҶ МФҒ
 Австралия 04.11.1946
 Австрия 13.08.1948
 Озарбойҷон 03.06.1992
 Албания 16.10.1958
 Алҷазоир 15.10.1962
 Ангола 11.03.1977
 Андорра 20.10.1993
 Антигуа ва Барбуда 15.07.1982
 Аргентина 15.09.1948
 Арманистон 09.06.1992
 Афғонистон 04.05.1948
 Ҷазираҳои Багам 23.04.1981
 Банглодеш 27.10.1972
 Барбадос 24.10.1968
 Баҳрайн 18.01.1972
 Беларус[эзоҳ 1] 12.05.1954
 Белиз 10.05.1982
 Белгия 29.11.1946
 Бенин 18.10.1960
 Булғористон 17.05.1956
 Боливия 13.11.1946
 Босния ва Ҳерсеговина 02.06.1993
 Ботсвана 16.01.1980
 Бразилия 04.11.1946
 Бруней 17.03.2005
 Буркина-Фасо 14.11.1960
 Бурунди 16.11.1962
 Бутон 13.04.1982
 Вануату 10.02.1994
 Маҷористон 14.09.1948
 Венесуэла 25.11.1946
 Ветнам 06.07.1951
 Габон 16.11.1960
 Гамбия 01.08.1973
 Гурҷистон 07.10.1992
 Олмон 11.07.1951
 Гана 11.04.1958
 Юнон 04.11.1946
 Гренада 17.02.1972
 Дания 04.11.1946
 Ҷибути 31.08.1989
 Доминика 09.01.1979
 Ҷумҳурии Доминикана 04.11.1946
 Ҷумҳурии Демократии Конго 25.11.1960
 Миср 04.11.1946
 Қазоқистон 02.03.1992
 Камбоҷа 03.07.1951
 Камерун 11.11.1960
 Канада 04.11.1946
 Кейп-Верде 15.02.1978
 Қибрис 06.02.1961
 Чин 04.11.1946
 Кореяи Шимолӣ 18.10.1974
 Колумбия 31.10.1947
 Коморҳо 22.03.1977
 Конго 24.10.1960
 Коста Рика 19.05.1950
 Кот-д'Ивуар 27.10.1960
 Куба 29.08.1947
 Ҷазираҳои Кук 25.10.1989
 Давлати Фаластин 31.10.2011
 Русия[эзоҳ 1] 12.05.1954
 Эл Салвадор 28.04.1948
 Тувалу 21.10.1991
 Таиланд 01.01.1949
 Тонга 29.09.1980
 Тоҷикистон 06.04.1993
 Тунис 08.11.1956
 Туркманистон 17.08.1993
 Туркия 04.11.1946
 Украина[эзоҳ 1] 12.05.1954
 Уганда 09.11.1962
 Ӯзбекистон 26.10.1993
 Уругвай 08.11.1947
 Фиҷи 14.07.1983
 Филиппин 21.11.1946
 Финляндия 10.10.1956
 Фаронса 04.11.1946
 Хорватия 01.06.1992
 Ҷумҳурии Африқои Марказӣ 11.11.1960
 Чад 19.12.1960
 Чехия 22.02.1993
 Чили 07.07.1953
 Черногория 01.03.2007
  Швейтсария 28.01.1949
 Суэд 23.01.1950
 Шри Ланка 14.11.1949
 Эквадор 22.01.1947
 Гвинеяи Экваторӣ 29.11.1979
 Эритрея 02.09.1993
 Эстония 14.10.1991
 Эфиопия 01.07.1955
 Судони Ҷанубӣ 27.10.2011
 Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ 12.12.1994
 Ямайка 07.11.1965
 Ҷопон 02.07.1951
 Латвия 14.10.1991

Эзоҳ ба ҷадвал:

  1. 1.0 1.1 1.2 Дар соли 1954, ҷудо аз ИҶШС, ҶШС Укройн ва ҶШС Беларус дар Юнеско пазируфта шуданд.

ЮНЕСКО дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 1993 ба узвияти созмони мазкур пазируфта шуда, худи ҳамон сол Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис дода шуд.

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: