Юлдошбек Баротбеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Юлдошбек Баротбеков
Иттилооти асосӣ

Юлдошбек Баротбеков (1890, ш. Ӯротеппа — 1969, ҳамон ҷо) — наққош ва кандакори тоҷик. Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1946).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳаёт ва фаъолияти Юлдошбек Баротбеков дар Ӯротеппа гузаштааст. Устодони аввалини ӯ Муҳаммад Рауф (Рауфи Шайтон) ва кандакор Ашӯр Ғафуров (Ашӯри Фарангӣ, Ашӯри Мурғак) будаанд. Ширкатдори намоиши байналмилалӣ дар Париж (1936), Даҳаи санъати тоҷик (1941) ва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик (1957) дар ш. Маскав.

Корҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ сақф ва дарҳои кандакории павилони «Тоҷикистон»-ро дар НКХХ (1938), дарвозаи кандакории осорхонаи ба номи Рӯдакиро дар ш. Панҷакент (1959) ороиш додааст. Ба Б. услуби гулпартоии мавзуну мутаносиб ва амиқ кандани нақшҳо хос аст. Юлдошбек Баротбеков анъанаҳои санъати кандакории халқиро эҷодкорона идома дода, дар шаклу мазмун ва унсурҳои гуногуни кандакорӣ ба бозёфтҳои эҷодӣ ноил гаштааст. Нақшҳои кандакории ӯро себаргаю панҷбаргаҳо, гиреҳҳои дилшакл, эмблемаҳои муосир (досу болға, герб, ситораи панҷгӯша ва ғайра) оро медиҳанд.

Мукофоту медалҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Юлдошбек Баротбеков депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 5) буд. Бо орденҳои Ленин ва «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст. Узви ИР Тоҷикистон (1943).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]