Юнус Юсуфӣ
Юнус Юсуфӣ | |
|---|---|
| |
Юнус Юсуфӣ (зод. 15 марти 1955, деҳаи Моғиён, ноҳияи Панҷакент) — нависандаи тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон (2025)[1], узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2000)[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Юнус Юсуфӣ 15 марти соли 1955 дар деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1972, вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1976 ба итмом расондааст. Муддате чанд дар зодгоҳаш омӯзгорӣ ва дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Сипас дар Театри халқии Панҷакент мудири бахши адабӣ будааст. Пас аз сафари хидматӣ дар Афғонистон (солҳои 1987—2000) дар рӯзномаи ноҳиявии «Зарафшон» вазифаи мудири шуъбаи адабиётро бар уҳда доштааст. Ҳоло мудири шуъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» мебошад.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҷумлаи носирони муваффақи ҷумҳурӣ буда, навиштаҳояш дар авроқи васоити ахбори умум, маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва мустақими «Садоҳо хомӯш намешаванд», «Зан ва анкабут», «Афсонаи Ҳафтдодарон», «Оташафрӯз», «Шинак» ва ғайра чоп шудаанд[3].
Романи «Оташафрӯз» дар мавзӯи ҷанги миёни артиши шӯравӣ ва чирикҳои афғонӣ баҳс мекунад ва ин фоҷиа дар мисоли пуштисаркардаҳои як нафар тоҷикписар дунболагирӣ ва, дар маҷмӯъ, ҷанг маҳкум карда мешавад. Романи «Шинак» ҷабру ситами бегонагон бар миллати мо ва аз роҳи маданияту фарҳанг посух гуфтани тоҷикон ба онҳоро бо ёрии рамзу тамсилу устура баён месозад ва ҳамагонро ба бедорӣ ва ҳамеша омода будан барои ҳифзи марзу бум даъват мекунад.
Забони офаридаҳои Юнус Юсуфӣ суфтаву равон, банду басташон қавӣ, ҳадафашон муайяну мушаххас буда, дар онҳо ҷаҳони ботини қаҳрамонон, тазодҳои рӯҳиву равонии онҳо дар лаҳзаҳои ҳассос ба ҳалқаи тасвир оварда шудаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2022).
Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Садоҳо хомӯш намешаванд. — Душанбе: Адиб, 1996. — 92 с.
- Оташфурӯз. — Душанбе: Адиб, 2006. — 264 с.
- Афсонаи ҳафтдодарон. — Душанбе: Адиб, 2007. — 232 с.
- Шинак: Роман ва ҳикояҳо. — Душанбе: Адиб, 2012. — 272 с.
- Одамони наҷиб. — Душанбе, 2015. — 176 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аз Озода Раҳмону Руқия Қурбонова то Раҳим Саидзода ва Муҳаммадсаид Шоҳиён. Боз киҳо имрӯз мукофоти давлатӣ гирифтанд?(тоҷ.). asiaplustj.info. ASIA-Plus (25 августи 2025). 26 августи 2025 санҷида шуд.
- ↑ ЮСУФӢ ЮНУС. ИНТ. 25 августи 2025 санҷида шуд.
- ↑ Шаступанҷ соли Юнус Юсуфӣ – Муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. КМТ (16 марти 2020).
