Юн Сук Ёол
куриёӣ: 윤석열 куриёӣ: 尹錫悅 | |
![]() | |
| |
25 июл 2019 — 4 март 2021 | |
Пешгузашта | Mun Mu-il[d] |
Ҷонишин | Kim Oh-soo[d] |
10 май 2022 — 4 апрел 2025 | |
Пешгузашта | Мун Чжэ Ин |
Ҷонишин | 한덕수[d] |
|
|
Таваллуд |
18 декабр 1960[1] (64 сол) |
Падар | Yoon Ki-jung[d] |
Модар | Choi Seong-ja[d] |
Ҳамсар | Kim Keon-hee[d][2] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | калисои католикӣ[4] |
Соядаст |
![]() |
Ҷоизаҳо | |
![]() | |
![]() |
Юн Сок Ёл(кур. 윤석열?, 尹錫悅?;[lower-alpha 1] таваллуд 18 декабри соли 1960) — сиёсатмадор ва додситони пешини кореягии ҷанубӣ аст, ки ҳамчун 13-умин президенти Кореяи Ҷанубӣ аз соли 2022 то соли 2025 фаъолият дошт. Ӯ аз сӯи Додгоҳи Конститутсионии Кореяи Ҷанубӣ аз мақом барканор карда шуд. Дар соли 2024 пас аз эъломи баҳсбарангези ҳолати низомӣ, аз ҷониби Маҷлиси Миллии Кореяи Ҷанубӣ импичмент шуд. Юн кӯтоҳтарин муҳлатро дар таърихи демократии Кореяи Ҷанубӣ миёни президентҳои интихобшудаи мустақим адо кардааст.
Ӯ дар Сеул таваллуд шуда, ҳам дараҷаи бакалавр ва ҳам магистрро аз факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Сеул дарёфт кардаст. Дар мақоми сарвари Додситони марказии Сеул, Юн нақши калидӣ дар маҳкум кардани президентҳои пешин Пак Кин Хе ва Ли Мен Бак барои сӯистифода аз қудрат бозидааст.[6][7][8] Дар соли 2019, президент Мун Чже Ин Юнро ба ҳайси Додситони кулли Кореяи Ҷанубӣ таъин намуд ва ӯ то соли 2021 ин мақомро ишғол кард. Дар давраи раҳбарии ӯ, Додситонии Олии Ҷумҳурии Корея таҳқиқоти баҳсбарангезро алайҳи Чо Кук, шахсияти таъсиргузор дар маъмурияти Мун анҷом дод, ки боиси истеъфои Чо аз мақоми вазири адлия шуд.[9][10] Бархӯрди Юн бо маъмурияти Мун пеш аз истеъфои ӯ дар моҳи марти 2021 сабаби афзоиши маъруфияташ ҳамчун номзади эҳтимолии президентӣ миёни раъйдиҳандагони муҳофизакор шуд.
Дар моҳи июни соли 2021, Юн номзадии худро дар интихоботи президентии Кореяи Ҷанубӣ (2022) эълон кард. Ӯ ба Ҳизби Қудрати Мардум — ҳизби ростгаро — дар моҳи июл пайваст ва дар моҳи ноябр дар праймериз ғолиб омад. Юн ҳамчун як сиёсатмадори консервативӣ ва иқтисодӣ озодандеш (либерал) шинохта мешуд ва барномаи интихоботии ӯ аз ҷумла қатъи танзимҳои иқтисодӣ ва барҳам додани Вазорати баробарии гендерӣ ва оиларо дар бар мегирифт. Ӯ дар интихоботи 9 марти соли 2022 рақиби Ҳизби Демократӣ Ли Ҷе Мёнро бо тафовути камтар аз як фоиз мағлуб карда, 10 май ба ҳайси президент савганд ёд кард ва нахустин президенти интихобшудае гардид, ки пас аз поёни ҷангҳои фаъол дар Ҷанги Корея таваллуд шудааст.
Дар давраи президентии худ, сиёсати хориҷии Юн нисбат ба Кореяи Шимолӣ рӯшанфикрона ва нисбат ба Япония дӯстона арзёбӣ шуд. Аммо, рафтори ӯ дар робита ба фоҷеаи фишурдашавии издиҳом дар Ҳеллоуини Сеул (2022)[11] ва бӯҳрони идомадори тиббӣ мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.[12] Дар интихоботи миёндавраии парлумонӣ (Кореяи Ҷанубӣ, 2024), ҳизби Юн шикасти интихоботӣ хӯрд ва ин шикаст мавқеи сиёсӣ ва нуфузи ӯро заиф кард.[13][14] Дар давраи раёсати Юн, Кореяи Ҷанубӣ зери раванди коҳиши демократия қарор гирифта ва ба самти ҳокимияти худкома ҳаракат кард. Ӯ дар мақоми президент бештар бо рейтингҳои пасти ҷонибдорӣ рӯбарӯ буд ва ҳамчун як президенти «паррандаи ланг» (lame duck) шинохта мешуд.[15]
3 декабри соли 2024, Юн дар Кореяи Ҷанубӣ ҳолати ҳарбӣ эълон кард — бори нахуст пас аз давраи диктотурии низомии Чон Ду Ҳван дар соли 1980. Ӯ аъзои Маҷлиси Миллиро ба ҳамдастӣ бо Кореяи Шимолӣ айбдор кард; аммо, баъд аз чанд соат ва баъд аз тасвиби қатъномаи изтирории бекорсозии ҳолати ҳарбӣ аз сӯи Маҷлиси Миллӣ, Юн ин қарорро бозпас гирифт.[16] Дар миёни интиқодҳои густурда ва тазоҳуроти оммавӣ, рӯзи 4 декабр дар парлумон қатъномаи импичмент алайҳи Юн пешниҳод шуд,[17] аммо ин раъйгирӣ бо гирифтани камтар аз 200 раъй ноком шуд.[18][19][20] Дар раъйгирии дуввум 14 декабр, Юн ба таври расмӣ импичмент ва муваққатан аз салоҳиятҳои президентӣ маҳрум карда шуд. Қатънома бо 204 овоз ба тарафдорӣ, аз ҷумла 12 овоз аз ҳизби худи ӯ, қабул гардид.[21]
31 декабри соли 2024, Юн нахустин президенти феълӣ дар таърихи Кореяи Ҷанубӣ гардид, ки барояш фармони боздошт содир шуд, ва 15 январи соли 2025 — нахустин раисиҷумҳури феълӣ шуд, ки боздошт ва ба зиндон андохта шуд.[22][23] Айни замон, Юн дар робита ба раҳбарии ошӯб мавриди бозпурсӣ қарор дорад ва дар сурати гунаҳгор дониста шудан, метавонад бо ҷазои қатл рӯбарӯ гардад.[24] 4 апрели соли 2025, Додгоҳи конститутсионии Корея ба таври якдилона импичменти Юнро, ки аз сӯи Маҷлиси Миллӣ тасвиб шуда буд, тасдиқ кард ва бо ин, раёсати ӯ расман хотима ёфт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://likms.assembly.go.kr/bill/billDetail.do?billId=PRC_L1T9F0X6X2H0O1H8I1M3D5Q4I4L3L4
- ↑ https://www.koreatimes.co.kr/www/nation/2021/11/113_318435.html
- ↑ 최재형과 달랐던 윤석열 입당식…이준석 없고, 모바일 아닌 '입당원서' (кор.) — 2021.
- ↑ https://www.joongang.co.kr/election2022/candidates/YoonSeokRyeol
- ↑ Необходимо задать параметр title= в шаблоне {{cite news}}.
- ↑ Who is Yoon Seok-youl, South Korea's conservative candidate for president?.
- ↑ Shin, Hyonhee. S.Korea's ex-top prosecutor to challenge Moon's party in 2022 presidential election(англ.), Reuters (5 November 2021).
- ↑ Yoon Suk-yeol Wins People Power Party's Presidential Primary, The Diplomat (5 November 2021).
- ↑ South Korea's Cho Kuk Saga Ends, thediplomat.com (16 October 2019).
- ↑ South Korea's Prosecution Reform Saga Heads Toward Final Showdown, thediplomat.com (10 December 2020).
- ↑ Thousands attend candlelight vigils for Halloween disaster victims across South Korea. ABC News (6 November 2022).
- ↑ Tenacious or stubborn? Yoon's medical reform plan faces crisis(англ.). The Korea Times (7 September 2024).
- ↑ In South Korea, President Yoon's Lame Duck Era Officially Begins. The Diplomat (11 апрели 2024).
- ↑ Election rout makes Yoon's 'lame duck' fears reality. The Japan Times. Jiji Press (11 April 2024).
- ↑ Шаблон:Cite magazine
- ↑ South Korea cabinet lifts martial law, BBC News (3 December 2024).
- ↑ South Korea's opposition parties move to impeach president over sudden declaration of martial law, Associated Press (4 December 2024).
- ↑ Phillips, Aleks South Korean president Yoon Suk Yeol survives impeachment vote (en-GB). BBC (7 December 2024).
- ↑ South Korean parliament passes bill seeking counsel probe of Yoon(англ.). Al Jazeera English (10 December 2024).
- ↑ South Korea president to resign despite surviving impeachment vote, party says(англ.). France 24 (8 December 2024).
- ↑ South Korea's parliament votes to impeach President Yoon Suk Yeol over his martial law order(англ.). AP News (14 December 2024).
- ↑ South Korea's Yoon arrested, says anti-graft agency(англ.), Reuters (14 January 2025).
- ↑ Inside South Korean President Yoon Suk Yeol's Life in Jail. The New York Times (18 January 2025).
- ↑ South Korea: Yoon charged with insurrection over martial law attempt (en-GB). BBC (27 Январ 2025).
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "lower-alpha", but no corresponding <references group="lower-alpha"/>
tag was found
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 18 декабр
- Зодагони соли 1960
- Зодагони Кореяи Ҷанубӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Pages with reference errors