Юрий Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Юрий Израилович Бобоев)
Юрий Бобоев
Юрий Исроилович Бобоев
Таърихи таваллуд 2 ноябр 1917(1917-11-02)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 1996(1996)

Юрий Исроилович Бобоев (2. 11.1917, Самарқанд — 1996, ИМА) — мунаққид ва адабиётшинос Узви ИН СССР (1950), доктори илми филология (1958). «Аълочии маор. халқи Тоҷикистон» (1954). Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон (1977).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дастпарвари мак. миёнаи № 15 шаҳри Самарқанд. Дар рабфаки назди УДӮзб. (ҳоло — ДДС) таҳсил намуда, ҳамзамон дар рӯзн. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун корм. адабӣ ҳамкорӣ кардааст (1932-38). С. 1939—1940 ба талабагони синфҳои 6 — 7 мак. № 21 шаҳри Самарқанд аз заб. ва адаб. тоҷ. дарс гуфтааст. УДС ба номи А. Навоиро хатм кардааст (1945). С. 1945 ба Тоҷикистон омада, дар матбуот ва муассисаҳои илмӣ кор кардааст: кот. илмӣ (1945-48), асп. каф. адаб. (1948-50), ход. илмии Ин.-ути таърих, заб. ва адаб. Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1950-52), референти През. Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1951—1952). Аз соли 1947 то охири умр муал. ва солҳои зиёд муд. каф. адабиёти тоҷҷикӣ дар ИПД ба номи Т,Г,Шевченко (ҳоло- Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) буд.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Доир ба масъалаҳои гуногуни таъриху назария ва танқиди адабӣ беш аз 400 асару мақ. илмӣ таълиф намудааст. Аз ҷумла китоби «Жанри таърихӣ» ва романи «Ғуломон»-и С.Айнӣ (1948), мон. «Асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1958), «Садриддин Айнӣ» (дар китоби «Адабиёти советии тоҷик», 1952-87), «Айнӣ — устоди таҳлили педагогӣ» (1956), «Аҳамияти ҳозиразамонии повесту романҳои таърихӣ ва С. Айнӣ» (1966), «Оид ба таҷрибаи романнависии С.Айнӣ ва анъанаҳои он» (1966), «Ҳақиқати револютсия ва нигоришҳои роман» (1977), «Айнии романнавис ва романҳои ҷаҳонӣ» (1984), мон. «Ҷалол Икромӣ» (1970-85), 100 мақолаи илмӣ ва 7 мон. доир ба ҳаёту эҷодиёти М.Турсунзода — мон. «Мирзо Турсунзода» (1961), «Сипаҳсолори назм» (1971), «Певец солнечных вершин» (1978) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Муаллифи китобҳои дарсии «Адабиёти советии тоҷик» (бо ҳамқаламии Н.Маъсумӣ, Х.Мирзозода, Н.Содиқова), муаллифи нахустин китобҳои дарсии назарияи адаб. барои дон. олии ҷум.- «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (1974) ва «Назарияи адабиёт» (қ. 1, 1987) ва асарҳои д. Бо бисёр мед. ва Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 1988.