Юсуф Азизӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Юсуф
Юсуф Азизӣ
Номи пурра Юсуф Азизӣ
Зодгоҳ: Ҳирот
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форс-тоҷик

Юсуф Азизӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир, донишманд, адиби форс-тоҷик (асри 15). Дар шаҳри Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо девони ашъор ва рисолаҳои илмӣ доштааст. Аз ӯ рисолае бо номи «Арӯзи Юсуфӣ» мондааст, ки як нусхааш дар Шуъбаи санктпетербургии Институти шарқшиносии АИ Россия маҳфуз аст. Азизӣ дар таълифи ин рисола ба осори гузаштагон оид ба арӯз танқидан нигариста, кӯшидааст рисолаи содаву оммафаҳм таълиф намояд. Намунаҳо аз осораш – ғазалҳову қитъаҳо, абёти пароканда дар баёзу тазкираҳо омадаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]