Юсуф Исломов
Юсуф Ахмедович Исломов | |
Таърихи таваллуд | 2 март 1928 (96 сол) |
Зодгоҳ | Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Юсуф Ахмедович Исломов (тав. 02.03.1928, шаҳри Бухоро – ваф. шаҳри Душанбе), муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1964), дотсент (1974).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1948–1952 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1952–1953 лектори КМ ЛКСМ Тоҷикистон, 1953–1956 библиографи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ, 1956–1959 лаборанти калони кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, 1959–1962 корманди хурди илмии Институти таърихи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1962–1964 муаллими калони кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, 1964–1970 муаллими калони кафедраи таърихи ИҶШС-и Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1970–1980 дотсент, муовини декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин оид ба таълим, 1980–1989 дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии тиббии шаҳри Душанбе ба номи Абӯали ибни Сино, 1989–1998 дотсенти кафедраи таърихи сиёсии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Оид ба таърихи ташкилёбии комсомоли Тоҷикистон ва нақши он дар сохтмони сотсиализм кори илмӣ бурдааст. Бо ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Материалҳо оид ба таърихи комсомоли Тоҷикистон, Д., 1957;
- Комсомол Таджикистана и коллективизация сельского хозяйства, Д., 1959;
- Таърихи ташкилёбии комсомоли Тоҷикистон, Д., 1960;
- Комсомол Таджикистана в борьбе за коллективизацию сельского хозяйства, Д., 1961;
- Организация и деятельность Коммунистического Союза, Д., 1962;
- Воспоминания бывших комсомольцев, Д., 1962;
- Комсомоли Тоҷикистон дар сохтмони коммунизм, Д., 1963.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 2 март
- Зодагони соли 1928
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Бухоро
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон