Юсуф Эшонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Юсуф Эшонов
Таърихи таваллуд: соли 1907
Зодгоҳ: Хуҷанд
Фазои илмӣ: олим

Юсуф Эшонов — (1907; шаҳри Хуҷанд — 1981, ш. Маскав). Ю. Эшонов арбоби намоёни ҳизбию давлатӣ ба шумор рафта, Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёна (1928) ва Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (САГУ)-ро хатм кардааст (1931). Ӯ сеюмин сарвари Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд буда, ин вазифаро солҳои 1935-1936 дар ӯҳда дошт. Солҳои 1928-1929 муаллими Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёна, муовини директори Донишкадаи банақшагирию иқтисодии Осиёи Миёна (1931-1932), муовини директори Донишкадаи марксизм-ленинизми Осиёи Миёна (1932-1933), ҷонишини комиссари халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон ректори Донишкадаи давлатии 1-уми омӯзгории Душанбе-ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1933-1934) дастурдеҳи Бюрои осиёимиёнагии КМ ВКП(б) (1934), шунавандаи Донишкадаи кишоварзии профессураи сурх (1935-1938) муҳаррири маҷаллаи «Ведомостҳои Шӯрои Олии ИҶШС» ва таҳрири тоҷикии он (1938-1960) буд. Соли 1941 ҳамчун сарбози дивизияи халқии ноҳияи Ленини шаҳри Маскав пойтахти мамлакатро аз фашистон ҳимоя намудааст. Солҳои 1960-1965 чун мушовир- тарҷумони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС фаъолият бурда, аз соли 1968 ба нафақа мебарояд. Ю. Эшонов вакили Шӯрои вакилони халқи Тошканд (1931-1933), Шӯрои вакилони халқи Хуҷанд (1934-1935) интихоб шуда, сазовори унвони Корманди шоистаи маданияти ҶШС Тоҷикистон гаштааст. [1]

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.