Юсуф ва Зулайхо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Юсуф ва Зулайхо» (форсӣ: یوسف و زلیخا‎) — яке аз достонҳои машҳури ишқии адабиёти форс-тоҷик ва халқҳои дигари Шарқи Миёнаву Наздик.

Хулосаи достон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар он аз Юсуф — писари пайғамбар Яъқуб сухан меравад, ки бародаронаш аз ҳасад ба чоҳ андохтандаш ва ба падар куртаи ба хуни кабутар олударо нишон дода, уро бовар кунонданд, ки Юсуфро гург хурдааст. Юсуфро аз чоҳ корвониён озод карда, ба азиз — ҳукмрони Миср ба ғуломӣ фурухтанд. Зани азизи Миср — Зулайхо ба Юсуф дил баст, вале Юсуф ишқи уро рад кард. Пас аз вафоти азизи Миср Юсуф соҳиби тахт шуд ва бо падару бародаронаш вохурд.

Сарчашмаҳои достон[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеи қадими дастрасшудаи ин қисса «Таврот» ва «Қуръон» мебошанд. Дар адабиёти форс-тоҷики садаи X ба ин қисса Абулмуайяди Балхӣ, Бахтиёрӣ, Амъақи Бухороӣ муроҷиат кардаанд. Ба Фирдавсӣ ин гуна асарро нисбат додаанд, вале исбот шудааст, ки он моли Амонӣ ном шоирест. Баъди садаи XI дар ин мавзӯъ маснавиҳои Масъуди Хиравӣ, Масъуди Деҳлавӣ, Озарии Тусӣ, Масъуди Қуммӣ ба вуҷуд омад.

Дар садаи XV Абдурраҳмони Ҷомӣ «Юсуф ва Зулайхо» навишт. Минбаъд шуарои зиёде ба асари Ҷомӣ пайравӣ карданд. Асрҳои 15—19 дар Эрон ва Мовароуннаҳру Хуросон Мавҷии Бадахшӣ, Салими Табрезӣ, Муллошоҳи Бадахшӣ, Муқимои Шерозӣ, Номии Исфаҳонӣ, Нозими Ҳиротӣ, Шуълаи Гулпойгонӣ, Шихоби Туршезӣ, Шавқати Қочор, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Котиб, Ширин ва дигар дар ин мавзӯъ асар офариданд.

Дар таъсири анъанаи достонсароии адибони форс-тоҷик дар адабиёти туркзабон «Қиссаи Юсуф»-и Алӣ (асри 12), «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳамдуллоҳи Чалабӣ ва Дурбек (асри 15) таълиф шудаанд. Нозим Ҳикмат низ асаре бо номи «Юсуфи канъонӣ» дорад.

Нависандаи немис Томас Манн солҳои 1926—1933 дар ин мавзӯъ як силсила романҳо эҷод кардааст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Амирқулов С., Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ ва достони ӯ «Юсуф ва Зулайхо», Д., 1967.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.