Январ Шукрии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Январ Шукрии Самарқандӣ
Январ Шукуров
Санаи таваллуд:

2 январ 1940(1940-01-02) (80 сол)

Зодгоҳ:

Норак

Мамлакат:
Фазои илмӣ:

физика

Дараҷаи илмӣ:

номзади илм

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

ДДТ ба номи В. И. Ленин (1962)

Январ Шукуров (Январ Шукрии Самарқандӣ; 2 январи 1940, Норак, ҶШС Тоҷикистон) — физикдони тоҷик. Номзади илми физика (1968), дотсент (1978), профессор (2011).

Зиндагинома[вироиш]

Январ Шукуров (Январ Шукрии Самарқандӣ) 2 январи соли 1940, дар шаҳри Норак ба дунё омадааст. Факултети физика ва математикаи ДДТ ба номи В. И. Ленин -ро хатм кардааст (1962). Лаборанти калони Инcтитути физики- техникии ба номи С. Умаров (1962—1963), аспирант, коромӯз-муҳаққиқи Инcтитути муттаҳидаи тадқ. ядроии (ҳастаии) ш. Дубнаи ФР (1963—1967). С. 1968 таҳти роҳбарии академики АИ СССР, профессор Г. Н. Флёров дар мавзӯи «Истифодаи ионҳои вазнини шитобёфта барои таҳлили таркиби моддаҳо» рисолаи номзадиро дифоъ кардааст. Дотсент, профессори (аз 2011) кафедраи физикаи ҳастаии факултети физикаи ДДТ ба номи В. И. Ленин (1967—2014).

Осори илмӣ[вироиш]

Муаллифи 30 номгӯй китобҳои дарсию дастурҳои методӣ ва 68 мақолаи таълимию методӣ, аз ҷумла китоби дарсии

  • Бузургиҳои физикӣ ва системаи байналхалқии воҳидҳо (СИ). — Душанбе, 1991,
  • Фарҳанги физикии русӣ ба тоҷикӣ. — Душанбе, 2002,
  • Физикаи ато м. Душанбе, 1999,
  • Маҷмӯаи масъалаҳо аз физикаи ато м. — Душанбе, 2006, 2012,
  • Фарҳанги номвожаҳои форсии тоҷикӣ. — Душанбе, 2010,
  • Корҳои лабораторӣ аз физикаи ато м. — Душанбе, 2011,
  • Физикаи зарраҳо. — Душанье, 2012,
  • Ташаккул ва инкишофи атомизм — назарияи атомии сохтори материя. — Душанбе, 2012 ва ғ.

Сарчашма[вироиш]

  • Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — с. 163.