Ян Госсарт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ян Госсарт
фр. Gossart
Суратҳо
Таърихи таваллуд: 1478[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1 октябр 1532
Маҳалли даргузашт:
Мамлакат:
Жанр: Northern Renaissance[d]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Ян Госсарт (ҳол. Jan Gossaert, лақабаш Ян Мабюз ҳол. Jan Mabuse; 1478[1], Мубюж[d]1 октябр 1532, Онтверп[d], Дӯкнишини Бробонт[d] ё Бредо[d], Дӯкнишини Бробонт[d][2]) — мусаввири нидерландӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Брюге таҳсил ва дар Антверпен, Мидделбург, Утрехт кор кардааст. Мусофират ба Итолиё (1508-09) ва ошноӣ бо ҳунари антиқию осори Рафаэл ва Микеланҷело ба сабку мавзӯи эҷодиёти ӯ таъсири бузург гузошт. Ян Госсарт асосгузори романизм — ҷараён дар санъати тасвирии шимоли Нидерландия мебошад, ки ба мавзӯъву усулҳои давраи Эҳёи итолиёӣ: рӯ овардан ба асотири антиқӣ, тасвири урёни худоёни бутпараст, заминаҳои меъмории қадимӣ дар композитсияҳои мазҳабӣ майл дошт. Осори ӯ: портрети Бибӣ Марям Лувен (1516), «Нептун ва Амфитрит» (1516).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]