Яхч
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Нуробод |
Ҷамоат | Деҳоти Иззатулло Ҳалимов |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1450 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3133 |
Нишонаи почта | 737450 |
Яхч — деҳа дар ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод. Аз Яхч то маркази ноҳия 20 км. Аҳолиаш 1450 нафар (2017), тоҷикон.
Ҷойном
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷойноми «Яхч» аз забонҳои қадими эронӣ бар омадааст, ки маънои замини санглохи камҳосилро дорад.
Порча аз китоби "Дарбанд"-и Аҳмадшоҳ Комилзода (2023)
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин деҳа аз мавзеъҳои муҳимми минтақаи Дарбанд аст, ки бештарин истеҳкомҳои пуштибони Қалъаи Дарбанд дар ҳудуди ин минтақа – ҷамоати Изатулло Ҳалимови ноҳияи Нурободи имрӯза воқеъ шуда буданд. Аз шаҳру Қалъаи Дарбанд то тангнои рӯдхонаи Вахш – Сари Пули Яхч (ҳоло мавзеи Хоҷа Афлотун, дар ҷануби ғарби деҳа) 15 км заминҳои васеъ, майдонҳои ҳамвор ва бистари густурдаи рӯдхонаи Вахш воқеъ шудааст.
Ҷойном ё топоними “Яхч” аз забонҳои қадими эронӣ бар омадааст, ки маънои замини санглохи камҳосилро дорад.
Номи як қатор мавзеъҳои деҳаи Яхч ҷойномҳои таърихии ин макон баромада аз забонҳои пешини порсӣ ва вобаста ба истеҳкомҳои низомӣ мебошанд; Ғармов, Қулғаӣ, Изғов, Сари Тӯпхона, Таги Қалъа, Қалъанак, Минатук, Капарак, Калот, Пуштаи Мурчун ва ғайра.
Дар қисмати ҷануби Яхч, дар тангнои рӯдхонаи Вахш, ки дар миёни кӯҳу теппаҳои сангии қавӣ пули дар он замон ягонаи вурудӣ ба водӣ мавҷуд будааст. Агарчи он пул ҳоло вуҷуд надоранд, вале дар хотираҳои мардум бо номи “Пули Сангӣ” ёд мешавад. Нишонаҳои ҷойгоҳи пул, изи саргаҳи ҷойи пулҳо то ҳанӯз дида мешаванд ва маълум аст, ки чандин бор пул дар ҷойгоҳи дигар аз нав сохта шудааст. Ин мавзеъ бо ҷойгоҳи Пули Сангӣ ва истеҳкомҳои муҳофизаш ҳоло Хоҷа Афлотун ном дорад ва нишонаҳои ёдгориҳои тахрихии гуногун аз дунёи қадим дар он ҳанӯз қобили дидан ҳастанд.
Ин роҳ – роҳи мавзеи Яхч ва Пули Сангии он дар замонҳои пеш ягона роҳи гузар ба Қалъаи Дарбанд пас аз он ба сӯйи Рашт, Бадахшон, Чин, Тахористон, митақаҳои Осиёи Марказӣ будааст. Зеро дар соҳили рости рӯди Вахш то мавзеи Қалъаи Дарбанд дар ҷойи дигар мавзеи мувофиқ барои эҷоди пул дар замонҳои қадим ба назар намерасад. Аз сӯйи дигар, мазеи рости рӯдхонаи Вахш дар ин минтақа амалан аз кӯҳҳо иборат аст ва ҳамвориҳои кам дорад. Бинобар ин дар самти рости рӯди Вахш ҷой барои зисти доимӣ ва бунёди макону манзили муҳофизон ва истеҳкомҳои ҷангӣ номувофиқ аст.
Дар панҷсад метр дуртар аз ҷойгоҳи Пули сангии Яхч дар сари теппаи хокпӯш нишонаҳои қалъаи хурди ҷангӣ вуҷуд дорад, ки ҳоло ин теппа бо номи Қалъанак ёд мешавад ва назар ба мавқеи худ қалъаи ҷангии муҳофизи пул будааст.
Мавзеи Хоҷа Афлотун (Сари Пули Сангии Яхч) бо нимаҳамвории ҷудогонааш дар соҳили чапи тангнои рӯди Вахш, дар ҷануби деҳаи Яхч саргаҳи истеҳкомҳои муҳофизатии Қалъаи Дарбанд ба шумор меояд. Болотар аз он то Қалъаи Дарбанд бистари васеъи рӯдхона ва ҳамвориҳои хушкии минтақа доман паҳн кардаанд. Ин мавзеъ бо ландшафти пасту баланди соҳили дарё, теппаву кӯҳпораҳо, сангҳои зиёди бузургҳаҷм ва сангтеппаҳои мавқеъҳои ҷангӣ: дижҳои сангӣ барои зарба ба душман, мавзеъҳои тирандозӣ, дарахтони ғайриоддии куҳансол ва дигар манзараҳояш аз дигар мавзеъҳои ин минтақа ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ин ҷо харобаҳои Сари Пул, ки то ҳанӯз нишонаҳои ҷойгоҳҳои пул боқист, зиёданд: изи пойдевор (сарнахич)-и як тарафи пул дар чанд ҷой, тарҳи роҳи сангфарши қадимӣ ҳанӯз ба назар мерасанд. Дар ҳамвориҳои назди ҷойгоҳи Пули Сангӣ чанд истеҳкоми низомӣ ба назар мерасад. Харобаҳои ду-се дижи сангии муҳофиз ё тирандозии назди Пули Сангӣ ҳоло ҳам ба хубӣ дида мешаванд.
Дар 1,5 километрии Сари Пули Сангӣ, дар сари теппаи Буни Камар (Бинии Камар) харобаҳои тӯпхонаи аввали Яхч ба назар мерасад, ки вазифи муҳофизати пул ва қалъаи ҷангиро дошт.
Харобащои Қалъаи Калони Яхч дар ҷануби ин деҳа дар баландие қарор дорад, ки майдонҳои ҳамвор ва роҳи гузари ҳуҷумкунандагон аз ин баландӣ ба хубӣ зери нишон қарор мегирифт. Дар мавзеи қалъа, ки дар гузаштаҳо чуқуриву пастиҳои он хуб дида мешуд, ҳоло манзили зист бунёд шудааст. Ин мавзеъ дар забони мардуми маҳал солҳои охир бо номи “Сари Боғ” ном бурда мешавад, зеро дар солҳои аввали пайдоиши давлати Шӯравӣ дар рӯйи харобаҳои қалъа боғ бунёд шуда буд.
Дар мавзеи Калфои Яхч, дар ду километрии самти рости деҳа мавзеи шаҳраки коргарӣ – коргоҳи истеҳсоли оҳан, силоҳ ва тиру тӯп, оҳак ва хишт мавҷуд будааст. Дар ин коргоҳ барои рангу бори қалъаҳо ва мавзеъҳои ҷангӣ оҳак, инчунин барои девори қалъаҳо ва тӯпхонаҳо хишти пухта, дар коргои оҳангарии он силоҳи ҷангӣ ва тиру тӯп истеҳсол мешудааст. То имрӯз ғори хиштпазӣ ва оҳангудозии ин коргоҳ дар камари теппаи сангӣ бо номи Шӯхи Калот вуҷуд дорад.
Дар ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов мавзеъҳои таърихӣ: Қалъаи Ҷамшед (Қалъаи Ҷамҳур) ва Ғори Деви Сафед дар деҳаи Юст; Қалъаи Хушак дар кӯҳи Анзалии Истун; Қалъаҳои хурду калон дар деҳаи Яхак, Қалъаи Калон, Қалъанак, Тӯпхона, Ғори Калот ва Мақбараи Ҳазрати Султон дар деҳаи Яхч, Мазори намаки Хоҷаи Роғун вуҷуд доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- "Дарбанд"-и Аҳмадшоҳ Комилзода — 2023