Ғазоирии Розӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғазоирии Розӣ
Таърихи даргузашт: 1034
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Ғазоирии Розӣ (форсӣ: غضائری رازی‎; дарг. 1034) — шоири бузурги эронии аҳли Рай ва аз маддоҳони умарои охири Дайламӣ дар Рай ва низ султон Маҳмуди Ғазнавӣ будааст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳаёти Абӯ Зайд Муҳаммад Ғазоирии Розӣ дар садаи XI ҷараён ёфта, зодгоҳи ӯ шаҳри Рай аст. Ғазоирӣ таҳсили илмро низ дар Рай гузаронидааст. Маутаассифона доир ба рӯзгор ва эҷодиёти шоир дар ҳеч яке аз сарчашмаҳо маълумоти муфассал ҷой надорад.

Шоир соли 1034 вафот кардааст.

Аз ашъори Ғазоирӣ ба ғайр аз чанд қасида, қитъа ва рубоӣ чизи дигаре боқӣ намондааст, ҳол он ки ӯро дар тазкираҳо чун шоири тавоно ёд мекунанд.

Осори боқимонда[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз қасоид[вироиш | вироиши манбаъ]

Зи диноргун беду абри сапед,
Замин гашта зарину симин само.
Чаро н-ояд оҳуи симини ман,
Ки бар чашм кардамаш ҷое чаро?
Насими ду зулфайни ӯ бигзарад,
Баромехта бо насими сабо.
Чи гӯямаш, гӯямаш чун бигзарад,
Ало, эй насимассабо, марҳабо.
Кунам хидмати подшоҳ, то кунад -
Маро бар ту бар подшоҳ, подшоҳ.
Саҳаргоҳон яке амдан ба саҳро баргузар, бингар,
Ду гардан осмон гӯӣ яке зеру дигар аз бар.
Чу барқ аз меғ бидрахшад, ту пиндорӣ яке зангӣ
Зи хиргоҳе ба хиргоҳе давонад пораи ахгар.
В-аз он ахгар бисӯзад дасташ аз гармиву бетобӣ
Аз он осеб бихрӯшад равоне биафканад озар.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]