Ғайбулло Авзал
раиси вилоят хатлон
|
|
---|---|
|
Ғайбулло Авзал (10 декабри соли 1948, ноҳияи Восеъ) — раиси вилояти Хатлон (то соли 2013).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғайбулло Афзал 10 декабри соли 1948 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1969 Донишкадаи аграриро бо ихтисоси “Духтури ҳайвонот” ва соли 1991 Донишкадаи сиёсат ва идораи шаҳри Тошкандро бо тахассуси “Сиёсатшинос” хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ.
Фаъолияти кории худро аз вазифаи сардухтури ҳайвонот оғоз намудааст. Баъдтар дар вазифаи сардори шуъбаи хоҷагии қишлоқ дар ноҳияи Кӯлоб фаъолият намудааст. Баъдан дар вазифаҳои Котиби аввали Партияи коммунистии ноҳияи Восеъ, раиси Ҷамъияти агросаноатии вилояти Кӯлоб, раиси Хоҷагии ба номи Сафарзода дар ноҳияи Восеъ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон, раиси Ҷамъияти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ҷилликули вилояти Хатлон кор кардааст.
Соли 2002 депутати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Колхозобод ва соли 2005 дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Восеъ интихоб гардид. То соли 2006 муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ буд.
Бо медали “Корманди шоиста” ва медали ҷашнии “10-солагии сессияи 16-уми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12-ум” сарфароз гардонида шудааст.
Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо фармони Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2006 ба вазифаи иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон таъйин гардид. Аз 27-уми феврали соли 2007 раиси вилоят аст.