Ғайратии Мовароуннаҳрӣ
Ғайратии Мовароуннаҳрӣ форсӣ: غيرتئ ماوراالنهری; қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зодгоҳаш — Самарқанд таҳсил карда, ба камол расид. Бо ёрии Мавлоно Балхӣ ном шахсе ба маҳфили адабии ҳукмрони давр Абдулазизхон роҳ ёфта буд, вале Абдулазизхон кушта шуд ва маҳфил ҳам барҳам хӯрд. Ғайратии Мовароуннаҳрӣ азми сафари Ҳиндустон кард. Пеш аз сафар барои Акбар қасидаи ғаррое дар бораи ситораи думдори дар Самарқанд пайдошуда навишт. Дар Ҳиндустон ба хидмати дарбори Акбар ворид гардид. Дар сафарҳои ҳарбӣ, кишваркушоиҳои Акбар иштирок мекард. Корнамоиҳои ӯву сипоҳиёнашро тавсиф менамуд. Дар яке аз муҳорибаҳо шаҳид шуд. Мутрибии Самарқандӣ дар тазкираи «Нусхаи зебои Ҷаҳонгир» аз Ғайратии Мовароуннаҳрӣ чун шоири тавоно ва машҳури замон ёд кардааст. Абёти зер аз навиштаҳои ин шоиранд:
Ҷон ба тавфи ҳарами кӯйи ту осон наравад,
То зи ғам хун шуда дил аз раҳи мижгон наравад.
Мадеҳ, эй пайки аҷал, муждаи Фирдавс ба ман,
Тоири шуъла зи гулхан ба гулистон наравад.
Ғайратӣ, ҳеч шабе нест, ки аз ҷайби ҳаёт
Андар ин ғамзада сад чок ба домон наравад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғайратии Мовароуннаҳрӣ / У. Каримов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.