Ғанизода Абдукарим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ғанизода Абдукарим
Абдукарим Ғанизода
Зодгоҳ ноҳияи Самарқанд

Абдукарим Ғанизода (Тав. 13.04.1936, д. Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд) — филолог, осорхонашинос, адиб.

Зиндагинома[вироиш]

Абдукарим Ғанизода факултаи филологияи тоҷикии УДСам (ҳоло – ДДСам) ба номи А. Навоиро хатм кардааст (1960). Муаллими забон ва адабиёти тоҷикии мак. таҳсилоти умумии вилоятҳои Тошканд ва Самарқанд (1960–1966), ходими илмии Осорхонаи таърихи санъат ва маданияти Ўзбекистон дар ш. Самарқанд (1966–1967). Дар таъсиси Осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд иштирок карда, минбаъд мудири осорхона таъйин гардидааст (1967–2013). Дар бунёди Осорхонаи Алишер Навоӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Ориф Гулханӣ ва диг. саҳми бориз дорад.

Эҷодиёт[вироиш]

Беҳтарин чакидаҳояш дар китоби «Меҳрнома» (Самарқанд, 2003) ҳамчунин дар китоби «Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ўзбекистон» (Теҳрон, 2006), «Гулистони адаб» (мураттиб А. Қамарзода, Тошкент, 2007), «Нигаҳбони мулки ҳаҳон» (Самарқанд, 2005), «Даргоҳи муқаддаси фарҳанг» (муаллиф ва мураттиб Н. Маҳмудов, Самарқанд, 2009), «Истиқлол ва истиқбол» (Тошканд, 2011), «Мадҳи Самарқанд» (мурат. А. Қамарзода, Тошкент, 2013), «Таронаҳои Самарқанд» (мураттиб Аслиддин Қамарзода, Тошканд, 2013), «Кошонаи бахт» (Тошканд, 2014), «Турон замин зиё» (Тошканд, 2014), «Махзани илҳом» (Тошканд, 2016), «Турон замин зиё» (Тошканд, 2016) ва ғ. чоп шудааст. Як теъдод шеърҳояш ба устод С. Айнӣ бахшида шудаанд («Манзили устод», «Хомаи Айнӣ», «Шукри сандалӣ», «Тоқи Айнӣ» ва ғайра). Хотираҳояш дар бораи Раззоқ Ғаффоров дар кит. «Эҳёи нур» (Самарқанд, 2002), Тӯрақӯл Зеҳнӣ дар. кит. «Зеҳнӣ дар дилу дидаи дӯстон» (Д., 2007), Ориф Гулханӣ дар кит. «Нутқи тома, зеби ҳома, мақбули омма» (Самарқанд, 2006) гирд оварда шудаанд. Мақолаҳои сершумораш солҳои гуногун дар рӯзнома ва маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Машъал», «Адабий мерос», «Ӯзбекистон» чоп шудаанд. Эшон қаҳрамони қиссаи ҳуҷҷативу бадеии нависанда Насим Раҷаб «Даргаҳи меҳру вафо» (Душанбе, 2011) дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти қариб 50-солаи Осорхонаи устод С. Айнӣ мебошад. Хизматҳояш бо Ифтихорномаи Вазорати маданияти Ӯзбекистон ва диг. ташкилотҳои давлатӣ қадр карда шудааст. Аз с. 2013 – бознишаста.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6