Ғафуров (шаҳрак)
Шаҳрак | |
40°13′04″ с. ш. 69°49′30″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Суғд |
ноҳия | Бобоҷон Ғафуров |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина |
Стансияи-Ленинобод (1936—1953), Советобод (1953—1962), Хуҷанд (1962—1964), Советобод (1964—1978) |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 19300[1] тан (2022) |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3442 |
Нишонаи почта | 735690 |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ғафуров — шаҳракест (қаблан шаҳр), ки дар ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон қарор дорад ва ба номи академик ва қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гузошта шудааст (зодгоҳи академик). Маркази маъмурии ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд мебошад.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
18,1 | ↗18,4 | ↗20,3 | ↗20,6 |
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз қадим бо номи Исфисор (Исписор) дар водии Фарғона маълум буд. Дар даврони шӯравӣ номҳои зерин дошт:
Стансияи-Ленинобод (1936—1953),
Советобод (1953—1962),
Хуҷанд (1962—1964),
Советобод (1964—1978).
Исфисор зодгоҳи фарзанди фарзонаи миллат, нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад. Шӯҳрати ин диёр ва гиромидошти ин хок чун ному кори Бобоҷон Ғафуров барои ҳар фарди тоҷик мояи ифтихор аст. Ба ин муносибат дар шаҳрак муҷассамаи аллома гузошта шуда Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият мекунад.
30 июни соли 1999 бахшида ба 90-солагии қаҳрамони Таҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров номи ноҳия ва маркази он, шаҳраки Ғафуров номгузорӣ шуд. Аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳолати 1 январи соли 2016 353,9 ҳазор нафарро ташкил додааст, аз ҷумла 18,3 ҳазор нафар дар шаҳраки Ғафуров ва боқимонда 335,7 ҳазор нафар дар деҳот зиндагӣ мекунанд.[2]
Ҷамоати шаҳраки Ғафуров
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷамоати шаҳраки Ғафуров 7 апрели соли 1965 ташкил шудааст. Масоҳати умумии ҷамоат 1296,46 га мебошад. Маркази ноҳия шаҳраки Ғафуров мебошад. Дар ҳудуди шаҳрак 17 корхонаҳои саноатӣ, 12 корхонаҳои сохтмонӣ фаъолият мебарад. Аксарияти корхонаҳо дар шаҳрак ҷойгир шудааст. Инчунин дар шаҳрак 186 муассисаҳои хидматрасонӣ ва савдо, 4 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1 гимназияи давлатӣ, 5 муассисаи томактабӣ, 1 хонаи фарҳанг, 1 кинотеатр. 1 мактаби мусиқӣ, 1 беморхонаи марказии ноҳия, 1 диспансер, 1 маркази саломатӣ, 1 маркази саломатии хусусии «Шамс», 2 варзишгоҳ фаъолият менамояд.[3]
Аксҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Муҷассамаи И. Сомонӣ
-
Қасри фарҳанг (2018)
-
Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
-
Кормандони соҳаи фарҳанг (2018)
-
Лаҳзаи маҷлиси Кормандони соҳаи фарҳанг дар осорхона (2018)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 19 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Маълумотнома(пайванди дастнорас)
- ↑ шаҳраки Ғафуров(пайванди дастнорас)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Торномаи расмии ноҳияи Ғафуров Бойгонӣ шудааст 7 май 2018 сол.