Ғафур Усмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғафур Усмонов
Ғафур Ҳасанович Усмонов
Таърихи таваллуд 10 сентябр 1958(1958-09-10)
Зодгоҳ ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 3 январ 2016(2016-01-03) (57 сол)
Маҳалли даргузашт Хуҷанд
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкаловск, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров


Ғафур Ҳасанович Усмонов – олим, дотсент, номзади илмҳои физика-математика, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2012-2014)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғафур Усмонов 10 сентябри соли 1958 дар ноҳияи Ғафуров таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1975-1979 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров таҳсил намуда, пас аз итмоми он дар вазифаи сарлабаранти кафедраи физикаи назариявии донишкада фаъолияти кориашро оғоз намудааст. Сипас солҳои 1979-1981 - муҳаққиқ-коромӯзи Донишкадаи физикаю техникии ш. Ленинград, солҳои 1982-1985 аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1987-1992 – дар вазифаҳои муаллим, сармуаллим, дотсенти кафедраи физикаи назариявии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров фаъолияти меҳнатӣ дошт. Аз соли 1993 то соли 1998 аввал ба ҳайси мудири шуъбаи илм, сипас мудири шуъбаи таълими донишгоҳ кор кардааст. Солҳои 1998-1999 - муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1999-2000 муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият бурдааст. Аз солҳои 2000 то 2005 — муовини ректор оид ба корҳои тиҷоратии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2005 - 2010 дар маснади муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пурмаҳсул меҳнат намуд. Солҳои 2010-2011 дотсенти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Солҳои 2011-2012 ба ҳайси муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкаловск фаъолият дошт. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2012 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин гардид ва то 31 октябри 2014 сарвари донишгоҳ буд. Ӯ бо сабаби маризи аз вазифааш озод гардид ва сарварии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро ба Анвар Мақсудов супоридааст. Минбаъд то охири умраш дар вазифаи мушовири ректори донишгоҳ ва директори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маорифи вилояти Суғд буд. Ӯ муаллифи беш аз 40 мақолаи илмӣ мебошад. Ғафур Ҳасанович Усмонов 3 январи соли 2016, бо сабаби беморӣ дар синни 58 солагӣ ин оламро падруд гуфт. Мавсуф аз зумраи устодоне буд, ки дар пешбурду равнақи корҳо дар самти вусъат бахшидани кори таълиму тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нақши арзанда гузоштааст.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]