Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ғаффор Каримов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғаффор Каримов
Таърихи таваллуд 27 майи 1938(1938-05-27)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 декабри 2018(2018-12-04) (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Пеша ҳунарпешаи синамо, ҳунарпешаи театр, навозанда
IMDb ID 8020863

Ғаффор Каримов (27 майи 1938, ноҳияи Муъминобод — 4 декабри 2018, Кӯлоб) — таблакнавози шинохтаи тоҷик ва ҳунарпешаи театру синамо.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1956 чун узви дастаи ҳаваскорони санъати Хонаи маданияти ноҳияи Мӯъминобод дар маҳфилу чорабиниҳои мусиқии вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, аз соли 1958 то 1998 театри Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб буд.

Ғаффор Каримов солҳои охир дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб кор мекард ва ҳамзамон дар Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб дарс медод.

Ӯ бо навохтани таблак ҳамзамон рақси хосеро анҷом медод, ки пажӯҳишгарони соҳа онро «зарби ғаффорӣ» унвон додаанд. Эҷоди «шаш зарб» ва «нӯҳ зарб» дар таблнавозиро ба ӯ мансуб медонанд. Ӯ то соли 2013 дар ҳамаи чорабиниҳои давлатӣ иштирок карда, ҳунари таблнавозиро намоиш медод[1].

Давоми сӣ соли фаъолият дар зиёда аз ҳафтод намоишномаи театр нақшҳои хурду калон бозидааст. «Се нафар хушдор», «Робиаи Балхӣ», «Орзу», «Шартҳои никоҳ», «Нон, хун ва одамон», «Бой ва Тайғуншоҳ», «Оинаи махмалпеч», «Шаш зиндаю як мурда», «Иллоанта», «Қарзи виҷдон», «Дузди боғдодӣ» аз ҷумлаи чунин спетаклҳоанд.

Ғаффор Каримов дар филмҳои маъруфи сохти Тоҷикистон, мисли «Хати парвоз» (1970), «Айёми туманҳои замистон» (1982) «Паррандаи лойӣ», «Бухорои шариф», «Гирдбод», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Мин-Архар» (1985), «Ситораҳои сари танӯр», «Марди мутааллиқи ду зан», «Сайёд» ва нақш офаридааст.

Ғаффор Каримов рӯзи 4 декабри 2018 дар синни 80-солагӣ дар шаҳри Кӯлоб даргузашт[1].

Бо ордени «Дӯстӣ» мушарраф гардидааст.

  1. 1 2 Ғаффор Каримов - таблнавози маъруфи тоҷик даргузашт(тоҷ.), Радиои Озодӣ. Проверено 27 май 2025.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.